Фарзандони мансабдоронро ба артиш ҷалб мекунанд?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 22-юми феврал дар суханроние гуфт, ки фарзандони мансабдорон, аз аъзои ҳукумат гирифта то вакилони порлумон ва раисони шаҳру ноҳияҳо, бояд пеш аз ҳама ба хидмат дар артиш ҷалб шаванд. Пештар сокинон шикоят мекарданд, ки ба артиши Тоҷикистон асосан фарзандони кишоварзону камбизоатро маҷбурӣ мебаранд, вале фарзандони афроди доро ва мақомдор ё дар донишгоҳҳо мехонанд, ё дар хориҷа ҳастанд ва ё ҷалб намешаванд. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои Душанбе аз раҳгузарон пурсид, ки ҷалби фарзандони мансабдорон ба хидмат дар артиш то куҷо имконпазир ҳаст?