Ду блогнависи тоҷик дар озмуне барои дарёфти ҳаққи коромӯзӣ дар расонаҳои Бритониё пирӯз шуда, дар зудтарин фурсат озими Лондон мешаванд. Ин блогнависон бовар доранд, ки кори онҳо ба фоидаи ҷомеа аст, ҳарчанд на ҳама аз чунин мавзеъ ҳимоят мекунанд.
Ҳадятулло Азимзодаи 21-сола, донишҷӯйи намояндагии Донишгоҳи давлатии Маскав дар шаҳри Душанбе ошиқи гӯшии кӯчаке шуда буд, ки барои сӯҳбатҳои телефонӣ истифода мешавад. Имкони дарёфти ин гӯширо IWPR ё Пажӯҳишгоҳи масоили ҷангу сулҳ якҷо бо хабаргузории минтақавии "Кабар.Азия" дар озмуни блогнависон барои дарёфти ҳаққи коромӯзӣ дар расонаҳои Бритониё фароҳам мекард.
Ҳадятулло Азимзода вориди ин озмун шуд, то ин гӯширо соҳиб шавад. Баъд аз пирӯзӣ дар се давраи ин озмун доварон ӯро лоиқи сафар ба Бритониё донистанд. Ҳамакнун Ҳадятулло якҷо бо Фарангис Давронова, донишҷӯйи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бо гирифтани визаи Бритониё ҳафтаи ҷорӣ озими Лондон мешавад.
Ҳадятулло дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар бораи марҳилаҳои ин озмун гуфт, тӯли ду ҳафта онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо супориши доварон дар мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла омӯзиши ҷавонону духтарон ва "фейкнюс" ё хабарҳои бардурӯғ хабару гузориш менавиштанд. "Доварон барои коромӯзӣ дар расонаҳои машҳури Бритониё афродеро интихоб карданд, ки дар мавзӯъҳои мухталиф хабару гузоришҳои ҷолибу беҳтар навиштанд",-афзуд вай.
Фарангис Давронова, донишҷӯи 20-солаи бахши ҳуқуқшиносии Донишгоҳи муштараки славянии Русияву Тоҷикистон мегӯяд, ки коромӯзии онҳо дар расонаҳое мисли Би-би-сӣ ва "Гордиан" тӯли як ҳафта идома хоҳад дошт. Сипас, онҳо бо донишҳои бардоштаашон ба Тоҷикистон баргашта, талош мекунанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабару гузоришҳои барои хонандаҳо ҷолибро бештар нашр кунанд.
Фарангис афзуд, "баъд аз бозгашт ба ватан, ҳадафи асосии мо тақвият ва рушди озодии баён мешавад. Зеро, ин ҳуқуқи шаҳрвандон аст ва онро Конститутсияи Тоҷикистон кафолат додааст. Хеле хуб аст, ки дар асри 21 мо ҳуқуқи озодона изҳор доштани фикри худро дорем. Қарзи шаҳрвандии мо аст, ки хабареро, ки дар борааш огаҳӣ ёфтем, дастраси дигарон созем ва андешаҳои худро дар бораи ин хабар ба мардум бирасонем".
Лола Олимова, як масъули намояндагии Пажӯҳишгоҳи масоили ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳадаф аз баргузории ин озмун омода кардани блогнависоне аст, ки тавонанд барои хонандагони худ хабару матолиб сатҳи ҷаҳониро омода созанд. Вай афзуд, ки ҳадафи дигари ин барнома, ҷилавгирии блогерони тоҷик аз паҳн кардани хабарҳои фейкӣ ё носаҳеҳ будааст, ки ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд мушоҳида мешаванд.
Марат Мамадшоев, хабарнигори тоҷик дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар шарҳи мавзӯи баргузории озмуни блогнависон барои роҳхати коромӯзӣ дар Бритониё, гуфт, ки блогнависӣ раванди ҷаҳонӣ аст ва Тоҷикистон "бар ҷуз аз тавсеи ин бахш роҳи дигаре надорад".
Вай афзуд, тавлиди маводҳои блогнависон дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои ҳар як кишвар ва ҳар насли сокинонаш, бахусус, барои насли ҷавони дорои андешаҳои пешрафта хеле муҳим аст. "Аммо, бояд иқрор шавем, ки тавлид ва нашри чунин мавод дар шароити Тоҷикистон хеле душвор шудааст. Аз ҷумла фишорҳо ба бахши ҷавони блогистони Тоҷикистон рӯзафзун шудааст",- афзуд Марат Мамадшоев.
Дар чанд соли ахир теъдоди блогнависони тоҷик дар ҳоли афзоиш буда, ҳатто пойгоҳи махсуси онҳо бо номи Blogiston.tj роҳандозӣ шудааст. Аммо тобистони соли 2018 Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо тағйир додани моддаи 179-и Қонуни ҷиноии кишвар блогнависони тоҷикро зери хатар қарор дод. Ба ин банди қонун, ки "терроризм" ном дорад, мафҳуми "интернет" ворид карда шуд.
Ҳамакнун муаллифони ҳамагуна "лайкҳо", "репостҳо", "шарҳҳо", ки ба гурӯҳҳои ифротгаро ё мухолиф рабте дошта бошанду мақомот онҳоро террористиву ифротгаро арзёбӣ кунанд, метавонанд ба мӯҳлати аз 10 то 15 сол зиндонӣ шаванд. Ин тасмим мояи нигаронии блогнависони тоҷик шуд.
Қазияи аз ҳама пурсарусадои боздошти блогнависи тоҷик соли гузашта дар ноҳияи Рашт замоне сурат гирифт, ки Ҷунайдулло Худоёров дар блогҳои худ аз мақомоти ноҳия шадидан интиқод кард. Ҳамчунин соли гузашта видеоблоги як корбар дар бораи вуҷуди фоҳишаҳо дар хиёбонҳои пойтахт низ боиси вокуниши мақомоти милитсия шуд. Дар чанд соли охир зиёда аз 2 ҳазор нафар дар Тоҷикистон дар шакли навишта ё видеоӣ блогерӣ мекунанд, вале ин шумора ҳамеша дар ҳоли тағйир аст.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!