Саволҳои беҷавоби барномаи ислоҳоти милиса ба полис

Акс аз соли 2019

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода гуфт, ки Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар амри иҷрои барномаи ислоҳоти милитсияи тоҷик бархе ӯҳдадориҳояшро иҷро накард. Ин созмони байнулмилалӣ дар Душанбе яке аз нозирони амалӣ шудани ислоҳот аст. Вале САҲА гуфт, ин изҳори назарҳоро шарҳ намедиҳад.

Ислоҳоти милитсия, ки оғозаш соли 2011 шурӯъ шуда буд, қарор аст соли 2020 ба анҷом расад. Бар асоси ин ислоҳот, номи милитсия ба полис иваз мешавад ва, ба гуфтаи мақомот, бояд ҳамкории ин ниҳод бо мардум бештар шавад. Мақомот мегӯянд, дар миёни ормонҳои куллии ин ислоҳот - боло бурдани сатҳи касбии ходимони ҳифзи қонун, мубориза бо фасодкорӣ, хотима додан ба шиканҷаву бадрафторӣ бо боздоштшудаҳо мебошад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Сокинони Душанбе: Полис хушахлоқ, касбӣ ва орӣ аз фасод бошад

Ислоҳот инчунин тағйироти сохториро дар назар дорад. Аз ҷумла, тавре ҳукуқдон ва раиси ҳизби Сотсиал-демократ Раҳматулло Зоиров шарҳ дода буд, “дар пайи таҷдиди сохтории ВКД Тоҷикистон, бояд бархе аз хадамоти ин вазорат, назири шиносномадиҳиву оташхомӯшкунӣ ва БДА ба сохторҳои ҷудогона табдил шаванд. Полис танҳо ба ошкорсозии ҷиноят ва пешгирии ҷинояткорӣ машғул мешавад. Ба ин хотир пешниҳод мешавад, ки номи ВКД Тоҷикистон ҳамчунон боқӣ мемонанд, вале маъмурони милитсия дигар политсия шуда, танҳо ба ошкорсозии ҷиноятҳо машғул мешаванд”.

Аммо ба гуфтаи коршиносон, шарти муҳими дастёбӣ ба ислоҳот – эҷоди ҳусни эътимоди ҷомеа ба ходими полис - як чолиши ҷиддӣ боқӣ мемонад ва хабарҳои зиёд оид ба шиканҷаву бадрафторӣ бо шаҳрвандон дар идораи полис аломат намедиҳад, ки дар самти тағйири шеваи рафтор ислоҳоте ҷараён дошта бошад.

Раҳимзода аз САҲА домангир шуд, САҲА посух надод

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 14-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, бархе аз донорҳое, ки барои ислоҳоти милитсия бояд кӯмак мекарданд, уҳдадориҳояшонро то ба охир иҷро накарданд. Ангушти ишораи вазири тоҷик ба САҲА буд ва ӯ гуфт: “Донорҳои муйаяне ба мо кӯмак мекарданд, ки ислоҳотро ба охир расонем. Махсусан иваз кардани либоси милисаи замони Шӯравӣ боқӣ мондааст. Мутаассифона САҲА то ба охир уҳдадорие, ки ба дӯш гирифта буд, ба охир нарасонид”. Вазир аз ин зиёд шарҳ надод.

Валериу Кивер сафири САҲА дар Тоҷикистон рузи 14-уми феврал дар як тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ин нишасти вазир ҳузур надошт ва чизе гуфта наметавонад. Ӯ аз посух ба суолҳои радиои Озодӣ худдорӣ кард. Дархости Радиои Озодӣ аз дафтари матбуоти САҲА дар Вена ҳам беҷавоб монд. Дафтари матбуоти ин созмон баъди чанд рӯзи муроҷиат чунин посух дод: “Мо изҳороти мақомоти расмии кишварҳои узви САҲА-ро шарҳ намедиҳем”.

САҲА - ниҳоди ёрирасон ба Тоҷикистон дар амри таҷдиди сохтории полис бо масъулон дар ин кишвар барои мутобиқсозии қонунҳои Тоҷикистон ба низоми нави корӣ ҳамкорӣ мекунад. Барои гузариш аз низоми милитсия ба полис як миллиард сомонӣ харҷ шудааст. Бар асоси Ёддошти тафоҳуме, ки миёни Тоҷикистон ва САҲА дар соли 2011 имзо шудааст, хароҷоти ин ислоҳот аз ҳисоби буҷаву саҳми САҲА ва ҳам сармояҳои кишварҳои узви САҲА ва ҳамчунин худи ҳукумати Тоҷикистон пардохт мешавад.

Чаро камераҳои назоратӣ дар утоқҳои бозпурсӣ насб нашуданд?

Вале аз назари бархе сокинони Тоҷикистон, ислоҳоти симои ҳомии ҳуқуқи шаҳрвандон танҳо як мазмуни зоҳирӣ надорад ва мақомоти полис бояд дар бораи тағйироти усулӣ дар шеваву фаъолияти худ бошанд. Дар миёни масоили мавриди интиқод дар матбуот мушкилоти мисли поймолшавии ҳуқуқи инсон ба ҳангоми боздошт ва шиканҷаи гумонбарон зиёд садо медиҳад.

Як мусоҳиби Радиои Озодӣ ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, бо ин ки солҳои зиёд дар бораи ислоҳоти милиса гап мезананд, хабарҳо дар мавриди шиканҷаву бадрафторӣ аз суи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳарчӣ бештар расонаӣ мешавад. Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар гузашта гуфта буданд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз шиканҷа дар утоқҳои бозпурсии гумонбарон камераҳои назоратӣ хоҳанд гузошт. Аммо афроди огаҳ мегӯянд, мақомоти тоҷик барои ин кор кӯмаки донорҳоро дарёфт накард. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳадафи аслии ислоҳоти милитсия, аз назари ҳуқуқдонҳои огоҳ, ҳалли мушкилоти усулӣ дар низом аст, ки ниҳоят бояд ба боло бурдани обрӯву мақоми ҳомии қонун дар чашми ҷомеа сабаб шавад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Таҳдиди "таҷовуз бо калтаки резинӣ". 11 шикоят аз шиканҷа

“Ислоҳоти доимӣ зарур аст”

Хирад Каргасов, коршиноси тоҷик, ки таҷрибаи кор дар чаҳорчӯби ислоҳоти милисаро дорад, гуфт ҳанӯз фурсати зиёд лозим аст, ки ислоҳоти куллӣ ба миён ояд. Ӯ мегӯяд, иваз кардани номи милиса ба полис ва ё тағйир додани либоси кормандони милиса роҳи ҳал буда наметавонад. “Агар либосашро иваз кунад, вале рафтори ӯ иваз нашавад, ин ҳеҷ маъние надорад. Инро таҷрибаи кишварҳои дигар нишон дод. Аз сӯи дигар, тамоми соҳа ба ислоҳоти доимӣ ниёз дорад, аз ҷумла милиса. Чун замона дигар мешавад, технологияҳо рушд мекунад ва ҷаҳонбинии мардум ҳарчӣ бештар тағйир мекунад”.

Таҷдиди сохтории милиса ба полис то ҳол дар Гурҷистон ва Қазоқистон ҳам амалӣ шудааст, вале ба андешаи коршиносон, сифати кори полис дар ин кишварҳо ба таҳаввулоти сиёсиву мавқеи ҳукумат дар бархӯрд ба риояи қонун ва ҳимояи ҳуқуқи инсон сахт бастагӣ дорад. Фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, ҳар қадар дар кишвар озодиҳои сиёсӣ бештар бошад, назорати ҷомеаи шаҳрвандӣ аз дурустии кори полис ҳам бештар мешавад ва дар кӯмак ба беҳбуди кори ҳомии қонун мусоидат мекунад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!