Боздоштҳои эътирозгарон дар Қазоқистон

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Оқтеппа, маркази маъмурии вилояти Оқтеппа (Актюбинск)-и Қазоқистон, дар роҳе, ки ба бозори марказӣ мебурд, беш аз даҳ нафар боздошт шуд. Ин роҳро ҷунбиши Интихоби демократии Қазоқистон ба раҳбарии сиёсатмадори мухолиф ва мустақар дар Аврупо Мухтор Аблязов ҳамчун макони раҳпаймоӣ навишта буд. Худи созмони Аблязов дар ҳудуди Қазоқистон мамнӯъ ва “ифротӣ” эълон шудааст. Дар қатъномаи Парлумони Аврупо онро “ҷунбиши сулҳомези мухолифин” ёд кардаанд.