Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки ба зидди Хӯҷа Каримов (Хӯҷа-Командир), фармондеҳи пешини Фронти Халқӣ, бар асоси панҷ моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла одамкушӣ ва гаравгонгирӣ, парванда кушодаанд. Назари пайвандон ва вакили мудофеаш маълум нест. Хӯҷа Каримовро дар оғози ҳафтаи равон аз Дубай ба Душанбе оварданд. Ӯ бист сол пеш аз кишвар фирор карда, тобистони соли 2019 дар Имороти Муттаҳидаи Араб дастгир шуд.
Масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон шоми 19-уми феврал ба воситаи телевизионҳои давлатӣ аз мардум хостанд, ки агар нисбат ба ин фармондеҳи пешини Фронти Халқӣ даъвое доранд, муроҷиат кунанд.
Намояндаи дафтари матбуоти ВКД гуфт, Хӯҷа Каримов ба
- одамкушӣ,
- гаравгонгирӣ,
- азобу уқубат,
- бандитизм ва
- ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон
муттаҳам аст, аммо бо дарёфти шикоятҳо, мумкин аст, алайҳи ӯ парвандаи нав боз шавад.
Дар ин барнома навори бозпурсии Хӯҷа Каримов низ намоиш дода шуд, вале маълум нест, дар ин бозпурсиҳо чӣ гуфтааст ва то куҷо бо иттиҳоми эълонкардаи мақомот розист. Дар навор танҳо ин ҷумларо аз забони ӯ пахш карданд: "Ман, Каримов Хӯҷа Раҳимович, соли таваллуд 1-уми октябри соли 1960, зодаи деҳаи Қизилқалъа, ноҳияи Ғозималик, вилояти Хатлон".
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Аз рӯи иттиҳомҳое, ки мақомот нисбат ба Хӯҷа Каримов парванда боз кардаанд, ба ӯ солҳои тӯлонии зиндон таҳдид мекунад. Бо гузашти панҷ рӯз аз истирдоди Каримов ба Душанбе, назари пайвандон ва вакили дифои ӯ дастрас нест.
Рӯзи 20-уми феврал чанд дафъа талош кардем, ки назари пайвандони Хӯҷа Каримовро пурсем. Ба телефони наздикони Хӯҷа Каримов ҳамсари ӯ посух дод ва гуфт, аз истирдод шудани шавҳараш ба Душанбе хабар доранд ва "вазъи ӯ хуб аст". Аммо, ба гуфтаи ҳамсари Каримов, то ҳол ӯро ба наздикон нишон надодаанд.
Ҳамсари Хӯҷа-Командир аз ин бештар суҳбат накард.
Муродбегим Раҳимова, хоҳари Хӯҷа Каримов, дар як сӯҳбаташ бо нашрияи "Азия-Плюс" дар чанд сол пеш гуфта буд, "ӯ дар овони хурдӣ боистеъдод буд ва ба хондану варзиш, бахусус футбол шавқ дошт". Раҳимова гуфтааст, Хӯҷа Каримов дар зодгоҳи худ барои бепарасторон ва пирони танҳо хонаву боғча пӯшида, ният доштааст, як бемористон ҳам бисозад.
Вале бархе аз шоҳидони рӯйдодҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон Каримовро дар "бераҳмии фавқулода нисбат ба аҳолии осоишта" муттаҳам мекунанд. Аз ҷумла, наздикони бародарон Сияршо ва Саидшо Шоевҳо Хӯҷа-Командирро дар қатли ин ду вакили собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон айбдор медонанд.
Диловар Шоев, бародари ду вакили собиқи порлумон, рӯзи 20-уми феврал гуфт, мақомот то ҳол онҳоро барои суҳбат даъват накардаанд. "Мо мехоҳем, дар асосҳои қонунҳои амалкунанда ҷазояшро гирад", -- гуфт Диловар Шоев.
Мақомот дар бораи парвандаи Хӯҷа Каримов ҷузъиёт надодаанд ва маълум нест, қатли ин ду нафар дар парвандаи ӯ ҳаст ё не.
Наргиси Абдураҳим, духтари Хӯҷа Каримов соли гузашта дар номае ба сомонаи "Ахбор" навишт, "падари мо гунаҳкор аст ё бегуноҳ, танҳо дар назди Худованд ҷавоб мегӯяд!". Ба гуфтаи духтари фармондеҳи собиқи Фронти Халқӣ, падари ӯ доимо ба дармондагон кумак мерасонд ва барои ноҳияи Хуросон хизмати зиёде кардааст.
Хӯҷа Каримов моҳи июли соли гузашта дар Имороти Муттаҳидаи Араб боздошт ва рӯзи 16-уми феврал ба Душанбе истирдод шуд.
Вай аз соли 2008-ум боз таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт. Бино ба хабарҳо, солҳои охир дар Малайзия мезист ва тиҷорат мекард.