Беш аз 200 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба ватан меоранд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мақомоти тоҷик мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир ҳудуди 500 тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Сурия зиндонӣ ҳастанд. Онҳо бо ҷурми ширкат дар ҷангҳо дар сафи "Давлати исломӣ", боздошт шудаанд. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар нишасти хабарии рӯзи сешанбе бо такя ба иттилои созмонҳои байналмилалӣ гуфт, ки дар қаламрави Сурия 219 нафар занону кӯдакони тоҷик қарор доранд, ки омодаанд ба ватан баргарданд