Дар Тоҷикистон матолиби диниро чӣ гуна бояд навишт? ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Видеоро дар инҷо бинед

Пайгирии масоили мазҳабӣ ва тундгароии динӣ гоҳе метавонад барои хабарнигорон дардисарсоз шавад. Ин нукта дар як нишасте дар Душанбе садо дод, ки дар онҷо роҳнамои нахустин барои таҳияи матолиби динӣ муаррифӣ шуд.

“Дастурамал оид ба инъикоси масоили мазҳабӣ дар Тоҷикистон”-ро се муаллиф аз Тоҷикистону Қирғизистон ва Қазоқистон таҳия кардаанд.

Тарси хабарнигорон аз нашри матолиби мазҳабӣ дар кишвар дар ҳолест, ки созмонҳои ҳуқуқи башар борҳо Тоҷикистонро ба он танқид мекарданд, ки бо вуҷуди он ки Қонуни асосӣ озодии сухану матбуотро кафолат додааст, мақомоти расмӣ хабарнигоронро метарсонанд ва ба онҳо таҳдид мекунанд.

Лола Олимова, раҳбари барномаҳои IWPR ё Пажӯҳишгоҳи инъикоси ҷанг ва сулҳи Бритониё дар Тоҷикистон, ки аз созмондиҳандагони ин нишаст дар Душанбе буд, гуфт: “Дар ин дастурамал шеваи дурусти инъикоси мавзуъ, аз ҷумла, мутобиқ будан ба меъёрҳои байналмилалӣ аз сӯи хабарнигорон таъкид шудааст. Яъне, журналистикаи сулҳофарро пешниҳод намудем, зеро бо ин роҳ пеш аз ҳама кори худи журналист ва муҳаррирон, ҳамчунин ҷомеае, ки мо дар он зиндагӣ дорем, бехатар мешавад”.

Дар дастурамали роҳҳои дурусти инъикоси мавзуъҳои динӣ, тавсия ба рӯзноманигорон ва ҳуқуқи онҳо ҳангоми инъикоси мавзуъҳои ҳассос барои ин кишварҳо таъкид шудааст.

Завқибек Саидаминӣ, хабарнигори мустақил, ки қаблан барои баҳсҳои мазҳабӣ бо пайравони гуруҳҳои тундрав номаш расонаӣ шуда буд, гуфт, борҳо дар пайи баҳсҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ чанд дафъа таҳдид ҳам гирифта буд. Ӯ гуфт, худсензура дар матбуоти тоҷик ҷой дорад ва хабарнигорон дар мавзуъҳои мазҳабӣ аз худсензура кор мегиранд.

Инга Сикорская, роҳбари мактаби сулҳофарӣ ва фанновариҳои расонаӣ, ки ин мавзуъро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳлил кардааст, рузи 17-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, нашри матолиби мазҳабӣ барои хабарнигорон бисёр ҳассос аст, зеро онҳо ҳамеша пойбанди чизе ҳастанд, ки баъзан аз фишори қонунгузории кишвар ба озодии баён метарсанд.

“Мушкил дар он аст, ки барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабииро дар ҳар кишвар гуногун шарҳ медиҳанд. Дар Тоҷикистону Қазоқистон ва Қирғизистон ин модда метавонад афродро ба гурӯҳи экстремистӣ шомил кунад. Аз ин рӯ, мо зиёд мешунавем, ки афроди гуногун ва ё рӯзноманигорон барои ибрози ақида маҳз бо ин модда муттаҳам мешаванд”, -- шарҳ дод ӯ.

Дар Тоҷикистон инъикоси масоили мазҳабӣ ва ифротгароии динӣ мавзӯи ҳассос дониста мешавад ва дар аксар маврид хабарнигорон аз ҳар тараф зери бори танқид қарор мегиранд ва гоҳе дигар он бо боздошту зиндонӣ кардани онҳо анҷом меёбад.

Дар гузашта низ ҳодисаҳои боздошти хабарнигорон дар пайи нашри матлабҳои мазҳабӣ расонаӣ шудааст. Намунаи охири он дастгир ва ба ҳабс гирифта шудани Далер Шарифов, рӯзноманигори тоҷик аст, ки мақомот ӯро ба нашри даҳҳо матлаби ба гуфтаи оонҳо мазмуни ифротгароидошта муттаҳам карданд. Пайвандонаш ва созмонҳои хабарнигорӣ ин иттиҳомро рад мекунанд.