Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи хуруҷи коронавирус дар Чин, ҷониби Тоҷикистон дар воридоти моли чинӣ маҳдудият ҷорӣ накардааст. Аммо мақомот мегӯянд, аллакай дар моҳи феврал воридоти мол аз Чин коҳиш ёфт. Чин яке аз кишварҳои муҳим барои иқтисоди Тоҷикистон аст, ки бештари молҳои ниёзи мардум аз онҷо ворид мешавад. Аз ҳоло нигарониҳое вуҷуд дорад, ки коҳиши воридот аз Чин ба нархи бозор таъсир мегузорад.
Азим Турсунзода, муовини аввали раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал зимни нишасти хабарӣ талош кард нишон диҳад, ки пайдоиши вируси нав ҳеч мушкиле дар додугирифт бо Чин ба миён наовардааст. Ҳарчанд оморҳои худи Хадамоти гумрук нишон медиҳанд, ки дар моҳи феврал 51 мошини борбар камтар мол аз Чин ворид шудааст, аммо муовини аввали роҳбари ин ниҳод инро ба дигар омил рабт дод. "Моҳи январ-феврал барои ҷумҳурии Чин соли нав аст",-гуфт Азим Турсунзода.
Мақомоти чинӣ ҳам аз коҳиши тиҷорат бо ҳамсоякишварҳо суҳбат мекунанд. Идораҳои расмии Чин дар суҳбат бо хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" гуфтаанд, сирояти вирус ба интиқоли молу колои чинӣ тавассути ҳамсоякишварҳо аз ҷумла Кореяи Шимолӣ, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Ветнам таъсири манфӣ гузоштааст.
Чин яке аз кишварҳои аслии воридкунандаи маҳсулот ба Тоҷикистон аст. Тоҷикистон ба ҷуз аз хӯрокворӣ ва маҳсулоти нафтӣ, бештари молҳои ниёзи мардумро аз Чин ворид мекунад. Додугирифти солонаи ду кишвар зиёда аз 650 миллион долларро ташкил медиҳад.
Пайдоиши вируси нав ва назорати сахт барои вуруд ва хуруҷ ба Чин тоҷирони зиёдеро дар Тоҷикистон нигарон кардааст. Тоҷирон мегӯянд, баста шудани роҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ ба Чин дар пайи хуруҷи ин вирус, тиҷорати онҳоро мушкил кардааст ва чунин вазъ метавонанд ба болоравии нарх дар бозор сабаб шавад.
Акрам, яке аз тоҷирони бозори "Корвон" мегӯяд, ӯ ва чанд рафиқи тоҷираш бояд ин рӯзҳо барои овардани либоси баҳорӣ ба Чин раванд, аммо наметавонанд. Аз як тараф тарс аз гирифтор шудан ба вируси нав, аз сӯи дигар баста будани роҳи ҳавоӣ, тоҷирони тоҷикро ин шабу рӯзҳо ба сардаргумӣ овардааст.
"Агар то охири феврал натавонем ба Чин барои либосворӣ равем, намедонем бо сар шудани моҳи март ба харидорон чӣ пешниҳод мекунем. Захираи соли гузаштаамон кам аст. Боз вақте маҳсулот кам аст, нарх ҳатман баланд меравад",-гуфт ин тоҷир.
Видео дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мушкили дигар Акрам ва тоҷирони дигари тоҷик ин аст, ки онҳо ҳангоми бозгашт аз Чин ҳатман ду ҳафта дар карантин ба сар мебаранд. Дар ин муддат ҳаққи фаъолият ва ба берун баромаданро надоранд. Феълан аз миёни 900 нафаре, ки баъди бозгашт аз Чин дар карантин ҳастанд чандин нафарашон тоҷирон мебошанд.
Мақомот дар посух ба ин нигарониҳо мегӯянд, марз бо Чин баста нест ва танҳо назорат дар он сахтар шудааст.
Тоҷикистон то имрӯз барои мубориза бо коронавирус чандин иқдомеро амалӣ кардааст. Аз ҷумла, ҳамаи афроде, ки аз Чин ба Тоҷикистон меоянд давоми ду ҳафта зери назорати табибон хоҳанд буд.
Инчунин рӯзи 11-уми феврал 46 донишҷӯи тоҷик аз шаҳри Вуҳан, маркази пайдоиши вируси нав ба кишвар бозгардонда шуданд. Ҳамаи парвозҳо ба самти Чин муваққатан қатъ шудаанд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, гирифторшавӣ ба вируси нав дар кишвар сабт нашудааст.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!