Сирояти коронавирус ба тиҷорати Тоҷикистон бо Чин чӣ таъсир гузошт?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи хуруҷи коронавирус дар Чин, ҷониби Тоҷикистон дар воридоти моли чинӣ маҳдудият ҷорӣ накардааст. Аммо мақомот мегӯянд, аллакай дар моҳи феврал воридоти мол аз Чин коҳиш ёфт. Чин яке аз кишварҳои муҳим барои иқтисоди Тоҷикистон аст, ки бештари молҳои ниёзи мардум аз онҷо ворид мешавад. Аз ҳоло нигарониҳое вуҷуд дорад, ки коҳиши воридот аз Чин ба нархи бозор таъсир мегузорад.