Тоҷикистон 58 шаҳрвандашро аз Вуҳани Чин берун меорад
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, то ду рӯзи дигар донишҷӯёни тоҷик аз шаҳри Вуҳани Чин -- маркази сирояти бемори коронавирус, берун оварда мешаванд. Насим Олимзода, вазири тандурустӣ рӯзи 6-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, шумораи донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вуҳан 58 нафар мебошанд.