Тоҷикистон кумак хост, Русия васоили ташхиси вирус фиристод. ВИДЕО

Чин

Шумораи онҳое, ки аз Чин ба Тоҷикистон баргашта, зери назорати пизишкон қарор доранд, ба тақрибан 400 нафар расидааст. Масъулони Вазорати тандурустӣ рӯзи 4-уми феврал гуфтанд, дар миёни онҳо ба ҷуз аз шаҳрвандони Тоҷикистон, атбои Чин ва кишварҳои дигар низ ҳастанд. Ин афрод аз 10 то 14 рӯз зери назари табибон мемонанд, то дар сурати дар ҷисми онҳо будани вируси нав, нишонаҳояш ошкор шавад. Вируси нав дар Чин беш аз 400 нафарро кушта, ҳазорҳо тани дигарро олуда кардааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Вируси нав. Чӣ гуна аз он эмин бошем?

Тоҷикистон кумак хост

Мақомоти тандурустии Тоҷикистон аз Русия ва идораи "Роспотребнадзор" хостаанд, ки барои пешгирӣ аз вуруди вируси нав ба кишвар ёрӣ кунанд. Аз ҷумла, дар миёни дархостҳои Тоҷикистон, дастгоҳи ҳароратсанҷ, васоили санҷиши вуҷуди вирус дар бадан ва чанд дору дархост шудааст.

Мақомоти Русия хабар доданд, ки дар посух ба ин дархост ба Тоҷикистон 2 ҳазор васоили ташхиси вируси нав ё тест-системаи санҷиши хуни инсонро фиристоданд.

Бибихонум Дарвешзода, сухангӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, рӯзи 4-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, кумак шаби сешанбе аз ҷониби "Роспотребнадзор" расид ва ба беморхонаҳо тақсим карда шуд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Муоинаи 285 нафар, ки аз Чин ба Тоҷикистон баргаштанд. ВИДЕО

Ӯ гуфт: "Онҳое, ки дар бемористонҳо ҳастанд, аз ташхиси тест-система мегузаранд. Мо доштем, вале кофӣ набуд. Бо ҳамин тест-система ташхис карда мебароем, ки оё дар таркиби хуни онҳо коронавирус ҳаст ё не," -- гуфт Дарвешзода.

Мақомоти беҳдоштӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, вазъ зери назар аст ва масъулони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳам дар ҳамкорӣ бо мутахассисони тоҷик вазъро назорат мекунанд.

Ба ҳавопаймо роҳ надоданд, чаро?

Ин дар ҳолест, ки охири ҳафтаи гузашта ширкати "Уралские авиалинии" 70 шаҳрванди Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Молдова ва Тоҷикистонро ба ҳавопаймое, ки аз Чин ба Екатеринбург мерафт, роҳ надод. Чанд соат баъди нашри хабар, ширкати ҳавопйамоии "Уралские авиалинии" гуфт, ин тасмим бо тақозои ҳукумати Русия гирифта шудааст.

Масъулони ширкат мегӯянд, аз моҳи феврал ба ин сӯ барояшон танҳо ҳаққи кашонддани шаҳрвандони Русия дода шудааст. Ширкат гуфтааст, маблағи билетро ҷуброн мекунад.

Дар бораи ба ҳавопаймои Русия роҳ дода нашудани шаҳрвандони Тоҷикистон, мақомоти кишвар ҳам хабар доранд. Як корманди ҳукумати Тоҷикистон гуфт, роҳҳои аз Чин берун овардани шаҳрвандони хостори бозгашт ба ватанро баррасӣ доранд.

"Шояд дар фурсати наздиктарин масъала ҳал шавад", -- гуфт як намояндаи ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 4-уми феврал.

Дар Чин чӣ қадар тоҷикон ҳастанд?

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Вируси корона. Бемористоне ки Чин дар 10 рӯз сохт, ба кор оғоз мекунад

Феълан маълум нест, чӣ қадар аз шаҳрвандони Тоҷикистон хостори бозгашт ба ватан ҳастанд, вале қаблан мақомот гуфта буданд, дар шаҳри Вуҳон 47 донишҷӯи тоҷик мондаанд ва дар маҷмӯъ дар саросари Чин беш аз 3 ҳазор ҷавони тоҷик таҳсил мекунанд. Шумораи он бахши шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо ҳадафи кору саёҳат дар ин кишвар ҳастанд, дақиқ нест.

Дар ҳамин ҳол, шуруъ аз шаби 4-уми феврал бар асоси як қарори ҳукумати Русия вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба ин кишвар аз Чин тавассути роҳҳои ҳавоӣ маҳдуд шудааст. Татяна Голикова, муовини нахуствазири Русия ин хабарро 3-юми феврал чунин тавзеҳ дод: "Аз соати сифри 4-уми феврал вуруди шаҳрвандони хориҷӣ аз хоки Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути роҳҳои ҳавоӣ, ба ҷуз аз фурудгоҳи Маскав-Шереметево муваққатан боздошта мешавад. Ин амр ба шаҳрвандони Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ҳайати халабонҳо, аъзои ҳайатҳои расмӣ ва ҳам дорандагони ҳаққи иқомати доимӣ дар Русия марбут нест".

Вируси марговар дар Чин

Дар ҳамин ҳол, дар дохили Чин мақомот 4-уми феврал эътироф карданд, ки дар вокуниши давлат ба вируси нав "камбудиву норасоиҳо" вуҷуд дорад. Вируси марговари роҳҳои нафас то рӯзи 3-юми феврал дар ҳудуди Чин 425 нафарро куштааст.

Комиссияи миллии тандурустии Чин рӯзи 4-уми феврал аз 64 ҳолати нави марг бар асари ин вирус гузориш дод ва гуфт, 3235 ҳодисаи гирифтории нав ба ин вирус сабт шудааст. Дар маҷмӯъ то имрӯз дар саросари Чин 20 ҳазору 238 нафар гирифтори вируси нав мебошанд.

Ҳонгконг рӯзи 4-уми феврал гузориш дод, ки ду нафар бар асари вируси нав ҷон доданд ва ин дувумин ҳодисаи дар берун аз қаламрави Чин ба ҳалокат расидани афроди гирифтори ин беморӣ мебошанд.

Ҳонгконг соли 2002 дар пайи паҳншавии як навъи дигари вирус -- SARS, хеле осеб дид. Он сол дар саросари ҷаҳон 800 нафар қурбони ин вирус шуданд. Дар Ҳонгконг шумори қурбониҳо 299 нафарро ташкил дода буд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Аз сокинони Тоҷикистон хоста шуд, ки ба Чин нараванд

Бовар меравад, вирус бори аввал моҳи декабри соли 2019 дар маркази маъмурии вилояти Ҳубей - шаҳри Вуҳан ошкор шуд ва чанд рӯз баъд Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар саросари ҷаҳон вазъияти изтирории тиббӣ эълон кард.

Рӯзи 3-юми феврал Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Чин эътироф кард, ки низоми мудирияти изтирории ин кишвар беҳбуд мехоҳад ва амр дод, ки тамоми бозорҳои фурӯши ҷонварони ваҳшӣ бояд баста шаванд.

Коронавирус дар 23 кишвари ҷаҳон

Дар ҳамин ҳол, 23 кишвари дигар гузориш додаанд, ки мақомоти беҳдоштии кишварҳояшон 150 ҳодисаи тасдиқшудаи гирифторӣ ба вируси навро сабт кардаанд. Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ мегӯяд, нишонаҳои вирус дар таби баланд ва сурфаи хушк мушоҳида мешавад.

Рӯзи 3-юми феврал Чин сохтмони як беморхонаи иборат аз 1000 рахти хобро барои муолиҷаи гирифторони вируси нав ба анҷом расонд. Беморхонаи нав дар 10 рӯз сохта шуд ва қарор аст ҳафтаи ҷорӣ беморхонаи дуюм барои 1500 нафар сохта ба истифода дода шавад.

Вилояти Ҳубей, ки сарчашмаи пайдошавии вирус онҷо мебошад, комилан масдуд ва баста буда, ҳама роҳҳо ва ҳаракати нақлиёт ба он самт манъ карда шудааст.

Рӯзи 3-юми феврал минтақаи шарқии Венжоу ҳам дар қаламраваш карантин эълон кард ва ин минтақа нахустин минтақа дар берун аз Ҳубей шуд, ки чунин тадбирҳоро ҷорӣ кардааст.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ тасдиқ кард, ки эҳтимоли афзоиши ҳодисаҳои гирифторӣ ба вирус вуҷуд дорад, чунки ҳанӯз ҳазорҳо маводи барои ташхис супурдашуда бояд аз санҷиши мутахассисон гузарад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!