Аз вазири нав қазияи "Диссернет"-ро пурсиданд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Вазири нави маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, ки ба хулосаҳои “Диссернет” ё пойгоҳи ошкорсозии асардуздии донишмандон, аз ҷумла, олимони тоҷик, "чандон эътимод" надорад. Ин дар ҳолест, ки тибқи таҳқиқи “Диссернет” дар ду соли гузашта тахминан чил донишманди тоҷик дар асардуздӣ муттаҳам шуданд.