Чор бозии санҷишии мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Анталия

Мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) бо раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Анталияи Туркия чор бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, аввалин бозии санҷишии мунтахаби наврасони кишвар имрӯз, 31-уми январ, муқобили дастаи «Коняспор»-и Туркия доир мегардад.

Бозии дувуми санҷиширо футболбозони навраси тоҷик рӯзи якшанбе, 2-юми феврал, бо дастаи «Виктория»-и Берлини Олмон баргузор мекунанд.

Рақиби севуми мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дастаи мунтахаби наврасони Озарбойҷон (U-17) мебошад. Ин бозӣ 6-уми феврал доир мегардад.

Бозии хотимавии санҷишӣ дар Анталияи Туркия миёни мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) ва дастаи «Дебресен»-и Маҷористон 8-уми феврал баргузор мешавад.

Аҳлиддин Турдиев, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16), ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия яке аз марҳилаҳои омодагии футболбозони навраси тоҷик ба қаҳрамонии Осиё-2020 маҳсуб мешавад, ки аз 16-уми сентябр то 3-юми октябр дар Баҳрайн доир мегардад.”

Ба ҷамъомади мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16), ки дар Анталия то рӯзи 9-уми феврал идома меёбад, сармураббӣ 26 бозигарро даъват намудааст: 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 11 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар.

Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия:

Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров (Академияи футболи ФФТ), Суҳробхуҷа Юсупов («Хуҷанд»), Шаҳобиддин Маҳмудзода («Соро компания»);

Ҳимоятгарон: Меҳрубони Абдурауф, Раҳматшо Раҳматзода, Ҳукмиддин Шомуродов, Фахриддин Аҳтамов, Саидҷон Сафаров, Шаҳриёри Иноятулло, Нурсултон Норбойзода, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов (ҳама аз Академияи футболи ФФТ);

Нимҳимоятгарон: Аббос Андалибов, Хусрав Тоиров, Кабир Салимшоев, Меҳрубон Каримов, Алиҷони Айнӣ, Муҷовид Шовайсуддинов, Бежан Нишонбойзода, Қурбоналӣ Муродов (ҳама аз Академияи футболи ФФТ), Амирҷони Фаррухзод («Равшан»), Асадбек Ҷӯразода («Ашт»), Азизбек Далиев («Регар-ТадАЗ»);

Ҳамлагарон: Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Суннатулло Азизов, Хуршед Давлатзода (ҳарсе аз Академияи футболи ФФТ), Муҳаммадворис Саидалиев («Соро компания»).

Сармураббӣ – Аҳлиддин Турдиев.

Бозиҳои санҷишии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия

31-уми январ (ҷумъа)

Тоҷикистон (U-16) – «Коняспор» (U-16, Туркия)

2-юми феврал (якшанбе)

Тоҷикистон (U-16) – «Виктория» (U-16, Берлин, Олмон)

6-уми феврал (панҷшанбе)

Тоҷикистон (U-16) – Озарбойҷон (U-17)

8-уми феврал (шанбе)

Тоҷикистон (U-16) – «Дебресен» (U-17, Маҷористон)

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!