Масъулони Палатаи ҳисоби Тоҷикистон гуфтанд, санҷиши онҳо муайян кардааст, ки ширкати "Барқи тоҷик" корашро дар якуним соли гузашта бо беш аз 3 миллиард сомонӣ зарар ҷамъбаст кардааст. Мақомоти ширкати "Барқи тоҷик" дар гузашта эътироф карда буданд, ки кори ширкат фоидаовар нест ва ба ҳамин хотир нархи барқ дар се соли ахир боло бурда шуд. Қаблан низ бархе ширкатҳои аудитории хориҷӣ гуфта буданд, фаъолияти ширкати "Барқи тоҷик" зараровар аст.
Қарахон Чиллазода, раиси Палатаи ҳисоб, рӯзи 30-юми январ ҳангоми нишасти хабарӣ гуфт, соли гузашта ширкати "Барқи тоҷик" аз ҷониби аудиторони Палатаи ҳисоб мавриди санҷиш қарор гирифт.
Ба гуфтаи ӯ, таҳлил муайян кардааст, ки ширкати "Барқи тоҷик" фаъолияти молиявии худро дар соли 2018 бо зарар бо маблағи 2 миллиарду 402 миллион сомонӣ ҷамъбаст намудааст. Инчунин ба таъкиди раиси Палатаи ҳисоб, фаъолияти ширкати "Барқи тоҷик" дар нимаи аввали соли 2019 бо зарар дар ҳаҷми 811,9 миллион сомонӣ ҷамъбаст шуд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба ин тартиб, ба таъкиди масъулини Палатаи ҳисоб, фаъолияти ширкати "Барқи тоҷик" дар якуним соли гузашта ноустувор буда, ин ширкат беш аз 3 миллиард сомонӣ зарар доштааст. Роҳбари Палатаи ҳисоб гуфт, яке аз сабабҳои ноустувории вазъи "Барқи тоҷик", ин ӯҳдадории молиявии ширкат аз ҳисоби созишномаҳои зерқарзӣ дар соҳаи энержӣ мебошад.
Дар Палатаи ҳисоб мегӯянд, ба ҷуз аз 3 миллиард зарари молиявӣ аудиторони Палатаи ҳисоб дар соли гузашта дар кори ширкати "Барқи тоҷик" қариб 11 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карданд.
Ин зарар ба гуфтаи раиси Палатаи ҳисоб, аз ҳисоби хароҷотҳои ғайриқонунӣ, изофанависӣ дар корҳои сохтмонӣ ва таъмири хатҳои интиқол мебошад.
Раиси Палатаи ҳисоб гуфт, аз ҳисоби зарарҳои ошкоршуда дар "Барқи тоҷик" чанд мавод тартиб дода, ба мақомотҳои интизомӣ ирсол кардаанд. Чандин тан аз кормандони "Барқи тоҷик" низ ба гуфтаи роҳбари Палатаи ҳисоб, аз мақомҳояшон барканор шудаанд.
Ширкати "Барқи тоҷик" то ҳол ба ин изҳороти Палатаи ҳисоб вокуниш накардааст. Аммо қаблан масъулини "Барқи тоҷик" гуфта буданд, як сабаби асосии бо зарар ҷамъбаст шудани кори ширкат он аст, ки онҳо аз нерӯгоҳҳои "Сангтӯда-1" ва "Сангтӯда-2" барқро бо қимати баландтар харида, бо нархи арзонтар ба аҳолӣ мефурӯшанд. Маҳз ин кор ба гуфтаи масъулини "Барқи тоҷик" боис мешавад, ки кори ширкат бо зарар ҷамъбаст шавад.
Дар 7 соли ахир бори аввал аст, ки Палатаи ҳисоб ширкати “Барқи тоҷик”-ро мавриди санҷиш қарор медиҳад.
Ширкати "Барқи тоҷик" ягона ширкате аст, ки ба ҷуз аз вилояти Бадахшон, дигар минтақаҳои Тоҷикистонро бо барқ таъмин мекунад. Ин ниҳод борҳо аз сӯи коршиносон барои ношаффоф будани фаъолияташ мавриди интиқод қарор гирифтааст. Масъулини ширкат ҳамеша ин интиқодҳоро рад кардаанд.
Коршиносон борҳост, ки "Барқи тоҷик"-ро ба мудирияти нодуруст ва фасод муттаҳам мекунанд ва мегӯянд, то замоне, ки аввалӣ дуруст ва дуввумиро решакан накунанд, ҳеҷ марҳаме дарди ширкатро дармон намебахшад. Иддаое, ки масъулини "Барқи тоҷик" онро рад кардаанд.
Ба сабаби қарзи зиёди ин ширкати давлатӣ ва шикоят аз кори он, баъд аз даҳ соли баҳсу баррасиҳо дар ниҳоят "Барқи тоҷик"-ро ба се бахш тақсим карданд. Бино бар тарҳи ислоҳоти сохтори "Барқи тоҷик" ду бахши дигари он "Шабакаҳои тақсимоти барқ" ва "Шабакаҳои интиқолдиҳандаи барқ" минбаъд мустақил кор мекунанд.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!