Мақомоти тоҷик гуфтанд, то кунун 113 нафар бо иттиҳоми пайравӣ аз гурӯҳи дар Тоҷикистон фаъолияташ мамнӯи "Ихвон-ул-муслимин" (Бародарони мусалмон) дастгир шудаанд. Боздошти ин афрод дар оғози моҳи январи имсол оғоз шуд, аммо мақомот бори аввал ин боздоштҳоро ба таври расмӣ рӯзи 28-уми январ шарҳ доданд. Нишон надодани боздоштшудаҳо ба наздиконашон ва надоштани вакили мудофеи мустақил нигаронии баъзе аз ҳомиёни ҳуқуқро ба бор овардааст.
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи 28-уми январ ҳангоми нишасти хабарӣ гуфт, 20 нафар аз боздоштшудаҳо кормандони муассисаҳои олӣ ва як нафар корманди мақомоти иҷроияи ҳукумати шаҳри Исфара мебошад. Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир нисбат ба ин афрод парванда боз шудааст.
"Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба аъзои ташкилоти террористӣ – экстремистии "Бародарони мусалмон" айни ҳол аз ҷониби муфаттишони мақомоти Прокуратура, якҷо бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, тафтиш мешавад. Ҳар касеро, ки узви ин ташкилот аст, ошкор мекунем ва ба ҷавобгарӣ мекашем. Дар куҷое, ки кор накунанд, фарқ надорад. Онҳоро ошкор ва дастгир мекунем," -- илова кард ӯ.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Додситони кулли Тоҷикистон ҳамзамон сарусадоҳоро дар бораи боздошти як корманди дастгоҳи президент ва як корманди вазорати тандурустӣ бо иттиҳоми узвият дар ин гурӯҳ рад кард. Ӯ гуфт, ки дар миёни боздоштшудаҳо ду шаҳрванди хориҷӣ низ ҳастанд ва ду тани дигар мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд. Аммо Юсуф Раҳмон аз ошкор кардани ҳувияти ин афрод ва шаҳрвандони кадом кишвар (ҳо) будани онҳо худдорӣ кард.
Садоро дар инҷо шунавед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Қаблан манобеи Радиои Озодӣ шумораи боздоштшудаҳоро ҳадди ақал 70 нафар гуфта буданд, ки дар миёни онҳо устодони донишгоҳҳо, мансабдорони давлатӣ, рӯҳониён ва ғайра ҳастанд. Чанд манбаъ дар мақомоти интизомӣ қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, як шабакаи аъзои ин созмони мамнуъро дар кишвар ошкор кардаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Чаро боздошти гумонбарон ба узвияти "Ихвон-ул-муслимин"-ро шарҳ намедиҳанд? ВИДЕОТибқи иттилои манобеи Радиои Озодӣ, дар миёни боздоштшудаҳо Исмоил Қаҳҳоров, домоди хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо, руҳониёни маъруфи кишвар низ ҳастанд. Фирдавс Раҳимзода, раиси Идораи амволи давлатии шаҳри Исфара аз ҷумлаи онҳоест, ки бо гумони узвият дар созмони "Ихвон-ул-муслимин" дастгир шудааст.
Пайвандони баъзе аз боздоштшудаҳо аз Додситонии кулли Тоҷикистон дархост доранд, ки қазияро одилона таҳқиқ кунад. Онҳо иртиботи наздиконашонро бо созмонҳои мамнуъ дар кишвар рад мекунанд.
Наздикони яке аз дастгиршудаҳо, ки ду бародараш дар боздошт ҳастанд, рӯзи 8-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, мақомоти боздоштгоҳ хӯроки бурдаашонро қабул намекунанд ва онҳоро аз даромадгоҳ меронанд. Ин мусоҳиби мо бо далели мушкил эҷод нашудан барояшон нахост номаш зикр шавад, вале гуфт: "Бе санадҳои дахлдор хонаҳои наздиконро кофтукоб карданд. Кӯдакон ва додару хоҳаронро тарсонданд."
Дар гузашта созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мақомоти Тоҷикистонро барои маҳдудияти озодии дину эътиқод танқид кардаанд. Чизе, ки мақомот ҳамвора рад карда, ҷорӣ шудани баъзе маҳдудиятҳоро ба мубориза бо ифротгароӣ рабт додаанд.
Созмони "Ихвон-ул-муслимин", ки номаш дар пайванд ба боздошти чанд нафар дар сархатти расонаҳои Тоҷикистон қарор дорад, аз соли 2006 боз дар кишвар манъ аст. Соли 2016 чанд имомхатиб дар вилояти Суғд бо ҷурми узвият дар ин созмони мамнуъ ба зиндон маҳкум шуда буданд.
"Ихвон-ул-муслимин" як созмони мазҳабӣ ва сиёсист, ки соли 1928 дар Миср таъсис ёфта, фаъолияташ дар бархе аз кишварҳои арабӣ низ мамнуъ аст. Пайравонаш онро як созмони муътадили динӣ меҳисобанд, вале додситони кулли Тоҷикистон гуфт, ки "ҳадафи онҳо сарнагун кардани ҳукумат бо роҳи зӯрӣ ва барқарор кардани давлати исломӣ дар ин ё он кишвар аст".