Ба раҳбарони ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон чӣ суол доред?

Акси раҳбарон ва намояндагони ҳафт ҳизби сиёсии Тоҷикистон, ки иштирокашонро дар мунозираи Радиои Озодӣ тасдиқ кардаанд.

Радиои Озодӣ рӯзи 29-уми январ як мунозираи пешазинтихоботиро бо иштироки раҳбарону намояндагони ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон баргузор мекунад. То ҳол намояндагони шаш ҳизби сиёсии Тоҷикистон иштирокашонро дар ин мубоҳиса тасдиқ кардаанд:

  • Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон;
  • Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон;
  • Рустам Қудратов, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон;
  • Заррагул Мирасанова, муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон;
  • Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон;
  • Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон.
  • Бахтовар Сафарзода, раиси фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси Намояндагон.

Агар Шумо аз раҳбарону намояндагони ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон суоле доред, лутфан, дар зери матлаб нависед.