Тағйироти кадрӣ. Вазирони маориф, фарҳанг ва иқтисод иваз шуданд. ВИДЕО

Дар идомаи тағйиротҳои кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон, рӯзи 24-уми январ бо фармон ва қарорҳои ҳукумат вазирони маориф ва илм, фарҳанг, рушди иқтисод ва савдо, раиси Кумитаи телевизион ва радио, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш, ҳамчунин ректорони як қатор донишгоҳҳои кишвар сабукдӯш шудаанд.

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Нуриддин Саид бар асоси як фармони президент аз ин мақом барканор шуд. Ба гуфтаи оқои Шарифзода, бо фармони дигари президент, Нуриддин Саид раиси Кумитаи телевизион ва радио таъйин шудааст. Ӯ дар ин мақом Маҳмадсаид Шоҳиёнро иваз кардааст.

Ба ҷои Нуриддин Саид ба курсии вазири маориф ва илми Тоҷикистон Маҳмадюсуф Имомзода омад. Имомзода то ин вақт ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд ва низ узви Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии порлумон мебошад.

Нуриддин Саид аз моҳи январи соли 2012 дар вазифаи Вазири маориф ва илми Тоҷикистон кор мекард. Ӯ 63 сол дошта, пеш аз ин ректори Донишгоҳи миллӣ ва ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ буд. Номи Нуриддин Саид дар даврони роҳбариаш дар вазорати маориф бештар дар робита ба сару либоси ягона ва тарафдориаш аз ширкати донишҷӯён дар маршировка хабарсоз буд.

Аз ҷумла, Нуриддин Саид моҳи феврали соли гузашта дар сӯҳбат бо хабарнигорон аз иштироки донишҷӯён дар маршировка пуштибонӣ намуда ва гуфта буд, "агар бори дигар ҷавон шавам бо сари баланд рафта, иштирок мекунам".

Бар асоси як фармони дигари раиси ҷумҳур, Шамсиддин Орумбекзода аз мақоми вазири фарҳанг барканор шудааст. Ба ҷои ӯ Зулфия Давлатзода омад, ки қаблан муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оила буд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Неъматулло Ҳикматуллозода аз мақоми вазири рушди иқтисод ва савдо барканор ва ёрдамчии президент дар умури иқтисод таъйин шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, Завқӣ Завқизода, ки муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдо буд, раҳбари нави ин вазоратхона таъйин шудааст.

Дар идомаи тағйиротҳои кадрӣ ҳамчунин Шоҳ Искандаров аз вазифаи сардори Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Исфара барканор ва сардори пулиси шаҳри Бӯстон таъйин шуд. Ба ҷои Шоҳ Искандаров дар ин мақом Нурулло Орипов ифои вазифа хоҳад кард.

Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамчунин Абдулло Навҷувонов аз мақоми муовини вазири корҳои дохилӣ озод ва сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд таъйин шуд. Ҳамчунин масъулини чанд раёсат дар дастгоҳи марказии ВКД ва сардорони чанд шӯъбаи корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳо тағйир кардаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Абдумалик Қодиров: "Бо чунин шева мо пеш намеравем"

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон бо ишора ба маҷлиси солонаи ҳукумат дар авоили ин ҳафта мегӯяд, ки президент дар он "тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакатро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, дар фаъолияти роҳбарону масъулини як қатор вазорату идора, сохторҳои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат баъзе камбудиву норасоиҳоро ошкор намуданд". Манбаъ мегӯяд, ки бо натиҷагарӣ аз ҷаласаи солонаи ҳукумат, президент дар ҳайати роҳбарикунандаи вазорату идораҳо, кумитаҳо ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ тағйироти кадрӣ анҷом доданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Интиқоди Азизи Нақибзод аз шеваи интихоби кадрҳо

Тағйиротҳои густурдаи кадрӣ баъд аз чаҳор рӯзи ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон сурат мегирад. Дар рӯзҳои гузашта Рустам Шоҳмурод, вазири адлия, Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила ва чанд мансабдори дигар аз мақомҳояшон барканор шуда буданд.

Ҳамасола дар остона ва ё баъд аз ҷаласаи солонаи ҳукумат дар сохторҳои давлатӣ тағйиротҳои кадрӣ сурат мегирад. Мақомот мегӯянд, ки ҳадаф аз он беҳбуди кори ниҳодҳои давлатӣ аст. Аммо мунтақидон аксаран чунин тағйиротро танқид мекунанд. Онҳо мегӯянд, ин тағйирот бештар аз ҷойивазкунии мансабдорон иборат аст, ки сари чанд вақт аз як мақом ба мақоми дигар "мекӯчанд".

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!