ҲСДТ ба интихобот бовар надорад, вале тағйирот дар кишварро мехоҳад

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба шаффоф баргузор шудани интихоботи пешрӯ дар кишвар шубҳа дорад, вале мехоҳад дар он ширкат ва мақоме дар порлумон ба даст биоварад. Вале коршиносон ба муваффақ шудани он хушбин нестанд.

Яке аз 7 ҳизби расман номнависшудаи Тоҷикистон Ҳизби сотсиал-демкорат -- мухолифати ошкорои ҳукумат ба интихоботи пешрӯйи порлумонӣ дар кишвар омодагӣ мегирад, ки якуми марти соли 2020 баргузор мешавад. Сарфи назар аз нокомиҳо дар собиқ ва мушкилоти молиявии кунунӣ, ин ҳизб фаъолона вориди корзорҳои интихоботӣ барои роҳ ёфтан ба ниҳоди қонунгузорӣ шуд.

Раҳматилло Зоиров муассис ва роҳбари ҲСДТ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳизб анҷумани худро баргузор намуд ва тасмим гирифт 8 номзадро барои вакилӣ пешбарӣ намоянд. Ба гуфтаи ӯ, ин тасмим алорағми хоҳиши мақомот гирифта шуд, ки мехостанд беҳтар аст ҲСДТ интихоботро таҳрим кунаду дар он ширкат нанамояд.

Дар зимн анҷумани ҳизб зери осмон дар ҳавлии манзили шахсие баргузор шуд, чун ҳеч як толору маҷлисгоҳ дархости ҳизбро барои кирояи макон напазируфтанд.

Дасткашӣ аз қудрат ба хотири ормон

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки солҳои гуногун аз ҳузури 12 ҳазор нафар узв дар суфуфи худ хабар додаст, моҳи феврали соли 1999 номнавис шудааст, вале бо гузашти чанде бо қарори додгоҳ фаъолияти он боздошта шуд. Ин ҳизб танҳо замоне дубора машруъ шуд, ки муассиси он Раҳматилло Зоиров аллакай дар мақоми мушовири давлатии раисҷумҳури Тоҷикистон дар бахши сиёсати ҳуқуқӣ кор мекард.

Бо таъйиди худи Зоиров, таъйин шуданаш ба мақоми мушовири раисҷумҳур замоне ӯро маҷбур кард, ки аз раисӣ дар ҳизб ба хотири хизмати давлатӣ даст бикашад, вале дар баҳори соли 2003 ӯ фаъолияти шаҳрвандиро бар хидмати давлатӣ бартарӣ дод. Дар расонаҳо он замон истеъфои ӯро ба мувофиқат накарданаш ба тағйиру иловаҳое марбут донистанд, ки қарор буд ҳукумат ба Қонуни Асосӣ ворид кунад ва ниҳоят ворид ҳам кард.

Дар ибтидо ҳизб "Адолат ва тараққиёт" ном дошт ва баъдтар ҲСДТ ном гирифт. "Идеологияи ҳизб ифодагари демократияи иҷтимоӣ, демократия барои тамоми қишрҳои мардум аст. Он чӣ ки дар Қонуни асосии Тоҷикистон инъикос ёфта, вале ҳеҷ вақт дар амал иҷроӣ нашудааст", - мегӯяд Раҳматилло Зоиров

Роҳи пурмашаққат

Сотсиал-демократҳо борҳо дар интихоботҳои порлумонӣ ширкат кардаанд, вале муваффақ нашуданд, ки садди панҷдарсадиро убур кунанд. Раҳбарии ҳизб он замон мақомотро барои фишору тақаллуб дар натиҷагирии оро муттаҳам кардааст. Аммо мақомот ин интиқодотро ҳамеша рад кардаанд.

"ҲСДТ созмони сиёсии хурдест, ки шумораи маҳдуди ҷонибдорони худро дар миёни тӯдаҳо дорад, вале тавофути аслияш дар ҳайати кадрӣ мебошад. Сарфи назар аз ҳузури намояндаҳои номдори равшанфикрон дар сафи он, ба далели набуди сармояҳо ҳизб саранҷом натавонист таъсирашро густариш диҳад",-мегӯяд сиёсатшинос Нуриддин Олимов.

Бо вуҷуди ин, эҳтимолан, бо дар назар гирифтани кам будани аъзояш, сотсиал-демкоратҳо борҳо талош карданд бо ҳизбҳои дигар вориди эътилоф шаванд, вале натиҷа ба даст наоварданд. Талоши охир тобистони соли 2013 карда шуд, замоне "Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон" пайдо шуд, ки ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мануъи наҳзати исломӣ, гурӯҳҳои хурди сиёсиву шахсиятҳои маъруф ва ҲСДТ вориди он шуданд. Пешбиниҳо дар мавриди ин, ки номзади ягонаи ин эътилоф дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ Раҳматилло Зоиров хоҳад буд, ғалат баромад. Эътилоф номзадии вакили мудофеъ Ойниҳол Бобоназароваро пешбарӣ кард, ки натавонист имзоҳои лозимро барои номнавис шудан ҷамъ кунад.

Дараҷаи интиқод

Раҳматилло Зоиров дар солҳои машғули сиёсат будан яке аз мунтақидони намоёни ҳукумат дониста мешавад. Соли 2013 ӯ қонунӣ будани ҳузури президент Эмомалӣ Раҳмонро, ки тавре маълум аст ба ин гуна масоил бисёр эҳсосӣ бархӯрд мекунад, зери шубҳа қарор дод. Бо вуҷуди ин, худи Зоиров дар ин бора тавзеҳот дорад. "Ҳатто як интиқоди ман аз ҳукумат ҳам бепоя нест. Ман ҳамеша дунболагири руҳу ҳарфи қонун ҳастам. Онҳо дар баробари ман хомӯш набуданд, маро душмани халқ эълон намуданд, вале маҷбур буданд маро таҳаммул кунанд", - мегӯяд Зоиров.

То хуб шудани равобити Тошканду Душанбе бо таваҷҷуҳ ба макони таваллуди раисаш, ин ҳизбро "Лоиҳаи Тошканд" номида буданд. Баъди гармиҳо дар равобити ду кишвар сангандозиҳо ба сӯйи Зоиров камтар шуд. Интиқодҳои худи Зоиров ҳам то оғози интихоботи порлумонӣ коҳиш ёфта буд.

Нозирини умур мегӯянд, ки баъди соли 2015, вақте дар Тоҷикистон яке аз аъзои фаъоли ҳизб Шӯҳрат Қудратовро зиндонӣ ва фаъолияти ҲНИТ-ро мамнӯъ эълон карданд, фаъолмандии ин ҳизб ҳам тадриҷан кам шуд.

Вале ба гуфтаи Зоиров хомӯшии ӯ марбут ба мушкилоти молиявӣ ва ноҷӯрии саломатияш буд. "Баъди интихоботи 2015 ман ҳудуди 30 ҳазор доллар қарздор шудам. Аз ин рӯ, маҷбур шудам барои кор ба Қазоқистон равам. Баъдан мушкили саломатиям пеш омад…", - нақл мекунад сиёсатмадор. Ӯ мегӯяд, ки ба ба фаъолият ва саломатияш марги хоҳари бузургаш ҳам таъсир гузошт, ки танҳо тирамоҳи 2019 ба худ омад.

"Мушорикат беҳтар аз иштирок накардан аст"

Ин сиёсатмадор ба шаффофияти раванди интихобот дар Тоҷикистон эътимод надорад ва бар ин аст, ки низомро бояд тағйир дод, бо ин вуҷуд тахмин мезанад, ки дар сурати натиҷагирии одилона, ҳизби ӯ метавонист панҷ курсӣ дар порлумон ба даст биоварад. "Ман ба шафоф баргузор шудани интихобот эътимод надорам. Зеро шуруъ аз КМИР то поёнтарин сатҳи комиссия дар ҳеч ҷойе қишри васеъи мардум фаро гирифта нашудаанд. Дар ҳама ҷо нақши аслиро одамони ҳукумат доранд. Ба ҷуз ин, суратҷаласаҳое, ки дар маҳалҳои райъдиҳӣ тартиб дода мешаванд, ба эътибор гирифта намешаванд",- хашмгин мешавад сиёсатмадор.

Ба суоли ин, ки оё ӯ мушорикати ҳизбашро дар интихобот василаи машруияти он медонад, Зоиров посухи манфӣ дорад. "Агар мо талош накунем, ки чизеро тағйир бидиҳем, пас ҳама чизе тавре ҳаст боқӣ мемонад. Ҳадафи мо рушд додани иродаи сиёсии шаҳрвандон аст, агар ба ин ноил шавем, пас онҳо (ҳукумат, мақомот) маҷбур мешаванд тарҳҳои худро тағйир диҳанд",-тавзеҳ медиҳад пешвои ҲСДТ.

Моҳе пеш Зоиров расман ба президент ва Додгоҳи конститутсионӣ муроҷиат ва талаб кард, ки гаравпулии интихобт барои номзадҳо барҳам дода шавад, аммо ин дархости ӯ рад карда шуд. Ҳоло ба гуфти ӯ, ҳизб зарфияти мушаххаси молие барои интихобот дорад, вале агар ин маблағҳоро барои гаравпулӣ бисупоранд, пас барои корзорҳои интихоботӣ маблағ намерасад.

Шубҳаи коршиносон

Дар ҳамин ҳол, коршиносон иштироки ҳизбро дар интихобот бефоида медонанд. "Ҳоло ин ҳизб, амалан ҳеч нақше дар фазои сиёсии Тоҷикистон иҷро карда наметавонад. Дар солҳои ахир тақрибан дар мавриди ҳеч ҳодисаи муҳиме ҳатто изҳорот надод", - мегӯяд рӯзноманигор Иршод Сулаймонӣ. Ӯ мегӯяд, ки ҳатто агар интихобот шаффофтар ҳам баргузор шавад ин ҳизб наметавонад вориди парлумон шавад, зеро алайҳи он солҳои дарозе маъракаи бадномсозӣ сурат гирифта буд, ки бисёриҳо онро бовар кардаанд.

Сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов ҳам гумон дорад, ки аз ширкат дар интихобот ҳизб битавонад чизе ба даст биоварад. "Агар дар интихобот ширкат кунанд, ман бовар надорам ба чизи қобили мулоҳизае даст ёбанд ва вориди порлумон шаванд. Аз сӯйи дигар, фикр намекунам, ки рақобат бо ҳизбҳои наздик бо ҳукумат осон бошад. Агар таҳрим кунанд ҳам, ин воқеият таъсири ҷиддие ба натиҷаи интихобот нахоҳад дошт",- мегӯяд коршинос.

"Идеяи ҳизб ҳамоно ҷолиб аст"

Бо ин ҳама дар доираҳои коршиносӣ идеяи сотсиал-демократиро як идеяи ҷалбкунанда (дилфиреб) медонанд. Профессор Зайниддин Курманов бар ин назар аст, ки идеологияи сотсиал-демкоратӣ барои кишварҳои минтақа метавонад хеле ҷолиб бошад.

"Ҳоло ҳеҷ касе наметавонад собит кунд, ки ин идеяи нолозим ва аҳмақонаест. Мисолҳо Аврупо, Ҷопон, Кореяи ҷанубӣ ва ҳар ҷойе, ки ҳизби сотсиал-демкоратӣ порлумонист, муассир будани худро собит кардааст", - мегӯяд Курманов. Ба гуфтаи вай, дар кишварҳои минтақа таваҷҷуҳи бештар рӯйи чеҳраҳо сурат мегирад на рӯйи идеология, вале нухбагони сиёсӣ бояд ин идеяҳоро дарк кунанду бидонанд чӣ кор бояд кард, ки тӯдаҳо ба онҳо боварманд шаванд.

"ҲСДТ 22 тарҳ барои порлумон дорад"

Сотсиал-демократҳои тоҷик ҷиҳатгирии иҷтимоии ҳизби худро медонанд. Раҳматилло Зойиров мегӯяд, ки агар ҳизб вориди порлумон шавад, аллакай 22 лоиҳаи омодаи қонун марбут ба гаравпулии интихобот, ҳизбҳои сиёсӣ, вуруди Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Бонки миллиро дорад.

Интизор меравад, ки барномаҳои ҳафт ҳизби сиёсӣ ва чеҳраҳои ҷудогона дар рӯзҳои наздик эълон шаванд. Дар давоми наздик ба ду моҳи боқимонда, ҳизбҳо корзорҳои тарғиботии интихоботиро пеш мебаранд.

Бояд гуфт, ки то кунун ҳеч кадоме аз интихоботҳои Тоҷикистонро ниҳодҳои ғарбӣ демократӣ ва озод эътироф нанамудаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!