Идомаи пешсафии Русия дар Олимпиадаи зимистонаи наврасон

Дар Бозиҳои III зимистонаи олимпии наврасон дар Лозаннаи Швейтсария баъди натиҷагирии даҳ рӯзи мусобиқот дастаи мунтахаби Русия бо касби 25 медал (7 нишони тилло, 10 нуқра ва 8 биринҷӣ) дар ҷойи аввал аст.

Мунтахаби Швейтсария бо касби 16 медал (7 нишони тилло, 5 нуқра ва 4 биринҷӣ) ҷойи дувумро ишғол кардааст. Дастаи мунтахаби омехта, ки аз варзишгарони кишварҳои мухталиф таркиб ёфтааст, бо касби 15 медал (5 нишони тилло, 5 нуқра ва 5 биринҷӣ) дар ҷойи севум қарор дорад.

То ҳоло варзишгарони навраси 29 кишвар бо медалҳои Бозиҳо сарфароз гаштаанд. Ба ғайр аз варзишгарони Русия, дар ин Бозиҳо боз намояндагони чаҳор кишвари собиқи шӯравӣ - Латвия 3 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ), Эстония як медали тилло, Беларус ва Гурҷистон яктоӣ медали биринҷӣ - ба даст овардаанд.

Дар Бозиҳои III зимистонаи олимпии наврасон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Тоҷикистон ширкат надорад. Аз Қазоқистон 25 варзишгар, аз Қирғизистон 2 варзишгар, аз Туркманистон ва Узбекистон якнафарӣ ба Олимпиадаи зимистона роҳхат гирифтаанд. Вале то ҳоло аз ин кишварҳо касе медал ба даст наовардааст.

Бозиҳои III зимистонаи олимпии наврасон дар Лозанна бо ширкати беш аз 1800 варзишгари наврас аз 79 кишвар оид ба 16 намуди варзиш (биатлон, бобслей, ҳоккейи рӯи ях, лижатозӣ, лижаронии кӯҳӣ, рақси рӯи ях, скелетон, шорт-трек ва ғайра) то 22-юми январ идома хоҳанд кард.