Дума номзадии Мишустинро ба мақоми сарвазирӣ тасдиқ кард

Дума давлатӣ -- палатаи поёнии порлумони Русия рӯзи панҷшанбеи 16-уми январ бо 383 раъйи мувофиқ, номзадии Михаил Мишустинро ба мақоми нахуствазирии он кишвар тасдиқ кард. 41 вакил аз додани раъй худдорӣ карданд ва касе зидди номзадии Мишустин овоз надодааст.

Ба дунбол, президенти Русия Владимир Путин фармони раиси ҳукумати ин кишвар таъйин кардани Михаил Мишустинро имзо кард. Ҳамчунин фармони таъсиси вазифаи муовини раиси Шӯрои амният имзо ва ба ин мақом Дмитрий Медведев таъйин шуд. Нахуствазир Дмитрий Медведев, рӯзи чаҳоршанбе пас аз ироаи паёми Путин дар порлумони Русия, бо эъломи тарҳҳои президент барои тағйири низоми ҳукуматии Русия, аз мақомаш истеъфо дод.

Путин нуқтаҳои асосии ин тағйиротро дар ин паёмаш эълом кард ва қарор аст дар як ҳамапурсӣ аз мардум назархоҳӣ шавад. Яке аз ин тағйирот, афзоиши ихтиёроти порлумон хоҳад буд. Эъломи тағйироти ногаҳонӣ дар айни ҳол метавонад ба оқои Путин кӯмак кунад, ки пас аз поёни давраи феълии президентӣ дар соли 2024, боз идораи ин кишварро дар даст дошта бошад.

Михаил Мишустин пас аз тайъиди шудани худ ба унвони нахуствазир аз сӯи порлумон, гуфт, аъзои кобинаи худро дар рӯзҳои наздик эълом мекунад.

Ӯ афзуд, "мо манбаъҳои кофӣ барои иҷрои ҳадафҳои эълоншуда аз сӯи президент дар ихтиёр дорем. Раиси ҷумҳур мехоҳад, ки кобинаи нав рушди иқтисодӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кориро дар дастури кор қарор диҳад. Афзоиши даромади воқеии мардум авлавияти аслии ҳукумати нав хоҳад буд".

Ӯ ҳамчунин гуфт, зидди идеяи бахшидани қарзи русиягиҳо дар назди ташкилотҳои қарзӣ аст.

Михаил Мишустини 53-сола аз соли 1997 корманди давлат буда, аз соли 2010 ба ин тараф раиси Кумитаи андози Русия мебошад.

Тағйирот дар ҳукумати Русия дар ҳоле анҷом мешавад, ки тобистони соли гузашта он кишвар шоҳиди бузургтарин эътирозҳо алайҳи ҳукумат дар беш аз ду даҳаи раҳбарии Путин будааст.

Бисёре аз шаҳрвандони Русия аз бадтар шудани шароити иқтисодӣ, ки сабаби аслии он таҳримҳои Ғарб алайҳи он кишвар бинобар бӯҳрони Қрим ва коҳиши қимати нафт аст, норозӣ мебошанд.

Бисёре аз коршиносон мегӯянд, интихоби Михаил Мишустин, ки собиқаи сиёсие надорад, нишон медиҳад, ки нахуствазир аз истиқлоли чандоне бархӯрдор нахоҳад буд ва ҳадафи аслии тарҳҳои Путин барои тағйири Қонуни асосӣ, фароҳам кардани шароити муносиб барои поёни давраи президентии ӯст.

Путини 67-сола аз соли 1999 дар мақомҳои президент ва нахуствазири Русия кор карда, давраи ахири раёсати ҷумҳурии ӯ, ки аз соли 2018 оғоз шуд, дар соли 2024 ба поён хоҳад расид.

Владимир Путин дар суханронии рӯзи чаҳоршанбеи худ дар шарҳи тағйироти мавриди назараш барои Қонуни асосӣ, ки соли 1993 қабул шудааст, гуфт, ҳаққи таъйини нахуствазир ва аъзои кобина бояд ба Дума супурда шавад. Ин мавзӯъ дар ҳоли ҳозир аз ҷумлаи ихтиёроти президент аст.

Президент дар айни ҳол гуфт, Русия бояд "як низоми нерӯманди президентӣ" боқӣ бимонад ва раиси ҷумҳур бояд ихтиёри барканории нахуствазир ва аъзои кобина ва раёсати ниҳодҳои дифоӣ ва амниятии кишварро бар ӯҳда дошта бошад".

Охирин ҳамапурсӣ дар Русия дар соли 1993 дар даврони раёсати ҷумҳури Борис Елтсин ва барои қабули Қонуни асосии феълии кишвар баргузор шуда буд.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10