Аз интихоботҳои гузашта дар Тоҷикистон чӣ хотираҳо доред? ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

То замони баргузории интихоботи порлумонии Тоҷикистон беш аз як моҳи дигар мондааст. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз чанд роҳгузар дар Душанбе пурсид, ки аз интихоботи панҷ сол қабли порлумонӣ ва ё интихоботҳои аз он пеш чӣ хотираҳо доранд, чӣ ба ёдашон мондааст ва аз фаъолияти вакилон чӣ медонанд.

Матнро дар инҷо хонед:

  • "Як коғаз дода буданд, пур карда партофем. Ба наздикӣ ба ягон интихобот нарафтаам.”
  • “Дар зиндагӣ ягон чӣ дар ёд мемонад? Ба интихобот рафта будам, овоз додам, вале чизе дар ёдам нест. Ҳодисаи панҷ рӯзи пеш дар ёд намемонад."
  • "Панҷ сол пеш рафта будам. Ба як нафар овоз додам, аммо барномаашро нахонда будам."
  • "Фаъолияти вакилоне, ки панҷ сол пеш интихоб шуданд, бад набуд. Вакилон он вақт мегуфтанд, ки барои халқ беҳбудӣ меоранд."
  • "Баъзан телевизионро тамошо мекунам, мебинам, ки ваиклон ҷаласа доранд. Ҳамин."
  • "Вакилон биёянд, бо мардум маслиҳат кунанд ва арзи онҳоро бишнаванд. Чӣ камбуде ҳаст, бояд донанд. Бояд вакилонро шиносем."
  • "Ман ягон бор ба интихобот нарафтаам."
  • "Инҳо ҳамааш барои курсианд, касе барои халқ ёрӣ намекунад."

Видеои назари сокинонро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Аз интихоботҳои гузашта чӣ дар ёдатон мондааст?

Навиштани назару пешниҳодҳои худро дар зер фаромӯш накунед.