Аввалин мусобиқаи футзал миёни духтарон дар Душанбе

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба соли футзал дар кишвар, ки онро Федератсияи футболи Тоҷикистон эълон кардааст, дар Душанбе аввалин мусобиқа оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола шуруъ шуд.

Дар ин мусобиқа чаҳор дастаи мунтахаби минтақавӣ - Душанбе, Хатлон, Хатлон-2 ва ШНТМ (Шаҳру навоҳии тобеи марказ) – ширкат дорад.

Дар ду бозии аввал дастаи Душанбе бар тими Хатлон-2 ва дастаи ШНТМ бар тими Хатлон бо ҳисоби якхелаи 4:3 ғолиб шуданд.

Имрӯз, 14-уми январ, чаҳор бозӣ миёни дастаҳои Хатлон-2 — Хатлон (соати 10:00), Душанбе — ШНТМ (соати 11:00), ШНТМ— Хатлон-2 (соати14:30) ва Хатлон — Душанбе (соати 15:30) доир мегардад.

Дар ин мусобиқа номзадҳо ба дастаи мунтахаби занонаи футзали Тоҷикистон (U-19) барои ширкат дар қаҳрамонии CAFA (Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ)-2020, ки аз 24-ум то 29-уми январ дар Душанбе барпо мегардад, интихоб карда мешаванд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар аввалин мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2020 оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон ширкат меварзанд.

Мусобиқа аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи имтиёзҳои бештари ба даст овардааш маълум хоҳад шуд.

Дастаи мунтахаби духтарони то 19-солаи Тоҷикистон дар аввалин мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2020 бо раҳбарии сармураббӣ Шерзод Ҷумъаев иштирок хоҳад кард.

Қаҳрамонии CAFA-2020 оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола

Даври 1-ум

24 январ (ҷумъа)

Эрон – Тоҷикистон

Қирғизистон – Афғонистон

Узбекистон – Туркманистон

Даври 2-юм

25 январ (шанбе)

Тоҷикистон – Туркманистон

Узбекистон – Қирғизистон

Эрон – Афғонистон

Даври 3-юм

26 январ (якшанбе)

Туркманистон – Эрон

Афғонистон – Узбекистон

Тоҷикистон – Қирғизистон

Даври 4-ум

28 январ (сешанбе)

Қирғизистон – Туркманистон

Афғонистон – Тоҷикистон

Узбекистон – Эрон

Даври 5-ум

29 январ (чоршанбе)

Туркманистон – Афғонистон

Эрон – Қирғизистон

Тоҷикистон – Узбекистон

Эзоҳ: Ҳамаи 15 бозӣ дар шаҳри Душанбе, дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон, баргузор мешаванд.