Ҳамлаи мушакии Эрон ба ду пойгоҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ. ВИДЕО, САДО

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон субҳи 8-уми январ аз ҳамлаи интиқомҷӯёна ба ду пойгоҳи ироқӣ, ки нерӯҳои амрикоӣ дар он ҷойгир ҳастанд, хабар дод. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, чанд соат пас аз ҳамлаи мушакии Эрон дар "Твиттер" навишт, ки "ҳама чиз хуб аст​". Одил Абдулмаҳдӣ, нахуствазири Ироқ дар паёме дар сафҳаи расмии худ дар "Фейсбук" навишт, ки Теҳрон ин ҳамларо ба Бағдод иттилоъ дода буд.

Cипоҳи посдорон мегӯяд, дар соати кушта шудани Қосим Сулаймонӣ ду пойгоҳи ин кишварро мушакборон кардааст. Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои "Қудс"-и Сипоҳи посдорони Эрон бомдоди ҷумъаи 3-юми январ бо дастури Доналд Трамп аз сӯи артиши Амрико дар наздикии фурудгоҳи Бағдод кушта шуд. Амрико Қосим Сулаймониро дар қатли садҳо сарбози амрикоӣ дар минтақа муттаҳам дониста, ӯро "террорист" эълон карда буд.

Мақомоти ироқӣ гуфтаанд, ки 22 мушак ба сӯи пойгоҳи Айн-ул-Асад партоб шудааст. Телевизиони давлатии Эрон шумораи мушакҳои партобшуда ба пойгоҳҳои амрикоиро 15 мушак гуфтааст.

Вазири умури хориҷии Эрон пас аз ҳамлаи мушакии Сипоҳи посдорон ба ду пойгоҳи низомии Амрико дар Ироқ, дар "Твиттер" навишт, ин ҳамлаҳо "мутаносиб ва барои дифоъ аз худ" буда ва тамом шудааст.

Муҳаммадҷавод Зариф навиштааст, "Эрон мутобиқ бо банди 51-и маншури Созмони Милали Муттаҳид иқдомоти мутаносиб дар дифоъ аз худ анҷом дод ва пойгоҳеро, ки аз он ҳамлаи буздилона алайҳи шаҳрвандон ва мақомҳои баландпояи мо анҷом шуда буд, ҳадаф қарор дод". Вай афзуд, "мо ба дунболи боло гирифтани таниш ё ҷанг нестем. Аммо аз худамон дар баробари ҳар ҳуҷуме дифоъ мекунем".

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Ховари Миёна чӣ мегузарад?

Раҳбари Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ чанд соат пас аз ин ҳамла дар дидор бо мардуми Қум, ин ҳамларо як шаппотӣ донист. Вай бо дифоъ аз ҳамлаҳои мушакии Сипоҳи посдорон ба пойгоҳҳои Амрико дар Ироқ гуфт, "интиқом баҳси дигаре аст".

Пойгоҳи ҳавоии Айн-ул-Асад бузургтарин пойгоҳи нерӯҳои низомии Амрико дар Ироқ ба шумор меравад. Ин пойгоҳ дар вилояти Анбор дар ғарби Ироқ қарор дорад. Дувумин пойгоҳе, ки ҳадаф қарор гирифт, дар наздикии фурудгоҳи шаҳри Арбили Курдистони Ироқ аст.

Вазорати дифои Амрико тасдиқ кардааст, ки беш аз дувоздаҳ мушак ба пойгоҳи Айн-ул Асад дар вилояти Анбори Ироқ ва як пойгоҳи дигар дар Арбил партоб шудааст. Гузорише аз талафоти ҳамлаҳои мушакии Сипоҳ нашр нашудааст.

Пойгоҳи Айн-ул-Асад ки мавриди ҳамлаи мушакии Сипоҳи посдорони инқиллоби исломии қарор гирифтааст, ҳамон пойгоҳе аст, ки 26-уми декабри соли 2018 Доналд Трамп аз он боздид карда буд.

Сипоҳи посдорон ба кишварҳои минтақа ҳушдор додааст, ки агар аз пойгоҳҳои Амрико дар ин кишварҳо ҳамлае сурат бигирад, онҳоро ҳадаф қарор хоҳад дод.

Исмоил Кавсарӣ, ҷонишини қароргоҳи "Соруллоҳ"-и Сипоҳ низ ба хабаргузории "Меҳр" гуфтааст, ҳамлаи мушакии имрӯз "иқдоми нахустин" будааст. Вай гуфтааст, "Амрико бояд минтақаро холӣ кунад" ва аз мақомҳои ИМА хостааст, ки барои амалӣ шудани ин масъала ба Доналд Трамп фишор биёваранд.

Вокунишҳо дар Амрико ба ҳамлаи мушакӣ

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико чанд соат пас аз ҳамлаи мушакии Эрон дар "Твиттер"-и худ навишт, "ҳама чиз хуб аст! Мушакҳо аз сӯи Эрон ба ду пойгоҳи низомӣ дар Ироқ партоб шуд. Арзёбии талафот ва хисорот дар ҷараён аст. То ҳоло ҳама чиз хуб аст! Мо қавитарин ва муҷаҳҳазтарин артиши дунёро дорем. Фардо субҳ баёнияе мунташир мекунем".

Сухангӯи Кохи Сафед ҳам чанд лаҳза пас аз ҳамлаҳои мушакии Эрон гуфт, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар ҷараёни ҳамлаҳо қарор гирифтааст. "Мо дар ҷараёни гузоришҳои вобаста ба ҳамлаҳо алайҳи пойгоҳҳои Амрико дар Ироқ ҳастем. Раиси ҷумҳур дар ҷараён қарор гирифтаанд ва вазъро аз наздик пайгирӣ мекунанд ва дар ҳоли машварат бо тими амниятии худ аст".

Бо вуҷуди гузоришҳо, ки гуфта мешуд Доналд Трамп дар бораи ҳамлаи мушакӣ суханронӣ мекунад, сухангӯи Кохи Сафед эълом кард, ки президент дар ин замина суханронӣ нахоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, Майк Пенс, муовини раиси ҷумҳури Амрико қонунгузорони баландпояи Амрикоро дар ҷараёни ҳамлаҳои мушакии Сипоҳи посдорон қарор дод.

Ёвари Ненси Пелоси, раиси демократи Маҷлиси Намояндагони Амрико ва Чак Шумер, раҳбари ақаллияти демократ дар Сенат гуфтаанд, хонум Пелоси ва Шумер ҳар ду телефонӣ бо Пенс гуфтугӯ кардаанд.

Хонум Пелоси дар ҳисоби корбариаш дар "Твиттер" хостори коҳиши хушунат аз сӯи тарафҳо шуда ва навиштааст, Амрико ва ҷаҳон тоби як ҷанги дигарро надорад.

Кушта шудани як паймонкори амрикоӣ дар ҳамлаи мушакии ду ҳафтаи пеш ба як пойгоҳи муштарак бо артиши Амрико дар Каркук, боис ба ҳамлаи Амрико ба пойгоҳҳои катибаи "Ҳизбуллоҳ"-и Ироқ шуд.

Дар ин ҳамлаи нерӯҳои амрикоӣ, 52 ниманизомӣ кушта шуданд. Ин ҳамла боис ба тазоҳуроти ба шиддат хушунатбори нерӯҳои "Ҳашд Аш-Шаъбӣ" ва тарафдорони онҳо алайҳи Сафорати Амрико дар Бағдод дар ҳафтаи гузашта шуд. Амрико дар пасманзари ин рухдодҳо, субҳи 3-юми январ Қосим Сулаймонӣ ва ҳайати ҳамроҳи ӯро ҳадаф қарор дод.

Рӯйдодҳои ахири Ироқ бо кушта шудани Қосим Сулаймонӣ, минтақаи Ховари Миёнаро вориди шароити навине кардааст ва бӯҳрони 41 соли ахир дар муносибатҳои Амрико ва Эронро низ вахимтар кардааст. Раҳбарони Ҷумҳурии исломии Эрон ба гирифтани "интиқоми сахт" таъкид карданд.

Мақомоти кишварҳои мухталиф Эрон ва Амрикоро ба хештандорӣ ва коҳиши таниш даъват карданд. Аммо Эрон гуфт, дар пайи интиқом аст ва посухи низомӣ медиҳад.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10