ҲСДТ бо 8 номзад ба интихобот меравад
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Масъулони Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки интихоботи порлумонии моҳи мартро таҳрим (бойкот) накунанд ва дастикам бо ҳашт номзад дар ин маъракаи сиёсӣ иштирок намоянд. Анҷумани ҳизб рӯзи 5-уми январ дар Душанбе баргузор шуд.