Тарма ҳаракат дар роҳи Душанбе - Хуҷандро қатъ кард

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бар асари боридани барфи зиёд ва фаромадани тарма рӯзи 2-юми январ ҳаракат дар роҳи Душанбе – Хуҷанд, ки маркази Тоҷикистонро бо шимоли кишвар мепайвандад, қатъ шудааст. Садҳо мусофир бо мошинҳои худ дар ин масир дармондаанд ва ҳанӯз дақиқ нест, кай ба сафар идома хоҳанд дод. Мақомот мегӯянд, ба мусофирон кумак мекунанд. Ронандаҳову мусофирон шикоят доранд, ки ширкати масъул ҳҳанӯз роҳро пок накардааст ва дармондани онҳо ба манфиат нест.