Сипосгузории Путин аз Трамп барои кӯмак ба хунсо кардани "ҳамлаи террористӣ"

Дафтари раёсати ҷумҳури Русия мегӯяд, ки президент Владимир Путин ба ҳамтои амрикоияш Доналд Трамп ба хотири кӯмак ба пешгирӣ аз анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар Русия, сипосгузорӣ кардааст.

Тибқи баёния, Владимир Путин аз Доналд Трамп "ба хотири маълумоти интиқолёфта аз тариқи хадамоти вижа, ки монеъ аз анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар Русия шудааст", ташаккур намудааст. Оқои Путин бо Доналд Трамп телефонӣ гуфтугӯ кардааст. Тамоси телефонӣ бо дархости Маскав сурат гирифтааст. Мақомҳои расмии Амрико ё ҳукумати он кишвар изҳороти матраҳшуда дар ин баёнияро таъйид накардааст.

Чанд соат баъд, расонаҳои русӣ ба нақл аз ФСБ ё Хадамоти федералии амнияти он кишвар гузориш доданд, ки ду шаҳрванди Русия, ки қасди "анҷоми ҳамлаи террористӣ дар таътилоти Соли навӣ дар Санкт-Петербургро доштанд", боздошт шудаанд. Ин боздоштҳо бо кӯмаки маълумоти пешниҳодкарда аз сӯи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико анҷом шудааст.

Тибқи баёнияе, ки дар вебсайти раёсати ҷумҳури Русия нашр шудааст, дар ҷараёни гуфтугӯи телефонии Путин ва Трамп, ду тараф дар мавриди "бархе масъалаҳои дарбаргирандаи манфиатҳои муштараки ду кишвар", сӯҳбат кардаанд. Ба гуфтаи Маскав, раҳбарони ду кишвар "бар сари ҳамкориҳои муштарак барои идомаи муқобила бо терроризм", тавофуқ карданд. Дар ин баёния ҷузъиёти бештаре нашр нашудааст.

Робитаҳои Маскав ва Вашингтон аз замони дахолати Русия дар бӯҳрони Украина, бо таниш рӯбарӯ шудааст. Дар пасманзари ин бӯҳрон, кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳо ҷорӣ карданд. Ин танишҳо бо тамдид накардани паймони пешгирӣ аз мушакҳои ҳастаии миёнапарвоз, ихтилофҳо бар сари кишварҳое монанди Сурия, Венесуэла ва минтақаҳои дигар, идома кардааст.

Айни ҳол робитаҳои Путин ва Трамп низ пас аз гузоришҳои ниҳодҳои истихборотии Амрико дар бораи "дахолат"-и Русия дар интихоботи президентии соли 2016 дар Амрико, солҳост зери заррабин қарор дорад. Трамп борҳо таъкид кардааст, ки ҳеҷ гуна ҳимояте аз сӯи ҳукумати Русия сурат нагирифтааст ва таҳқиқотро интиқомгирии сиёсӣ аз сӯи демократҳо хондааст.

Раҳбарони ду кишвар ҳади ақал шаш бор рӯбарӯ шуда ва гуфтугӯ кардаанд. Аз ҷумла, дар ҷараёни нишасти "Гурӯҳи 20" дар моҳи июн дар Ҷопон ду раҳбар бо ҳам мулоқот карданд, аммо раиси ҷумҳури Амрико ҳозир нашуд тавзеҳе дар мавриди гуфтугӯҳояш бо Путин бидиҳад ва ба хабарнигорон гуфт, "рабте ба шумо надорад".

Хабаргузории ТАСС мегӯяд, мақомҳои рус бар нақши ИМА дар ироаи маълумоте, ки монеи "тавтеаҳои террористӣ" дар октябри соли 2017 шудааст, таъкид кардаанд.