Зоиров аз Додгоҳ лағви гаравпулии интихоботро хост
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, баъд аз муроҷиати бепосухаш ба президент Эмомалӣ Раҳмон, аз Додгоҳи Қонуни асосии кишвар хост, ки гаравпулиро барои номзадҳои интихоботи порлумонӣ бекор кунад. Мақомоти Додгоҳи Қонуни асосӣ дар ин бора ба матбуот чизе нагуфтаанд. Аз сиёсатмадор пурсидем, ки дар ин замина чӣ пешравӣ ҳосил шудааст?