Варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъро ба зудӣ вайрон хоҳанд кард. Мақомоти ноҳия сабаби тахриби онро бунёди боғи истироҳатӣ гуфтанд. Ин тасмим сокинон ва бахусус варзишгаронро нигарон кардааст. Дӯстдорони варзиш мегӯянд, аз ягона ҷойи тамрин маҳрум хоҳанд шуд.
Варзишгоҳи марказии Восеъ солҳои 70-ум дар масоҳати 3 гектар бунёд шудааст ва макони асосии баргузор кардани маъракаҳои варзишӣ ва фарҳангӣ мебошад. Ба гуфтаи сокинон, дар пушти варзишгоҳ 5 гектар боғ вуҷуд дорад, аммо намедонанд, чаро мақомот мехоҳанд дар ҷойи варзишгоҳ "парк" созанд.
Сокинон мегӯянд, баъди тахриби варзишгоҳи марказии ба номи Теша Исмоилов, 20 ҳазор сокин дигар ҷое барои тамрин нахоҳанд дошт. Бар изофаи дастаи футболи "Ҳулбук", тимҳои варзишии мақомоти интизомӣ ва қудратии ноҳия, ҳамчунин ду дастаи футболи собиқадорон низ дар варзишгоҳи марказӣ тамрин мекунанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Рӯзимад Тоиров, як омӯзгор мегӯяд, "ҳар саҳар дар инҷо ҳудуди 200 калонсол ва хонандагони мактаб омада, ба варзиш машғул мешаванд. Ман тарафдори боғ ҳастам, лекин аз боғ муҳимтар варзишгоҳ аст. Марҳамат, ҳамон боғи ҳозираро ба тартиб дароранд, намунавӣ кунанд, ба мо кофист, ҳол он, ки се тарафаш маҳкам аст, касе рафта наметавонад".
Се километр дуртар аз маркази ноҳияи Восеъ, аз соли 2017 боз, дар масоҳати 14 гектар бунёди варзишгоҳи бузург идома дорад. Буҷаи сохтмони ин варзишгоҳ 48 миллион сомонӣ аст ва барои 30 ҳазор нафар пешбинӣ шудааст. Аз ҳукумати ноҳияи Восеъ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, қарор аст, бунёди ин варзишгоҳ соли 2021 анҷом ёбад.
Раиси ноҳияи Восеъ Шарбатулло Азизулло дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ гуфт, дар макони варзишгоҳи пешин боғ бунёд мешавад. Сокинони маркази ноҳия ҳоло аз ин тасмими ҳукумати маҳаллӣ норозианд ва мегӯянд, иҷоза нахоҳанд дод ин варзишгоҳи панҷоҳ сол пеш бунёдшуда тахриб шавад. "Варзишгоҳи нав хуб аст, аммо дар масофаи дур аз маркази ноҳия ҷойгир аст ва бовар дорем барои ҳама дастрас нахоҳад буд," -- мегӯянд онҳо.