Вокуниши ҷонибдорон ва мухолифон ба ҳукми қатли Парвиз Мушарраф

Ҳукумати Покистон бо ҳукми қатли раҳбари низомии ин кишвар Парвиз Мушарраф мухолифат кард ва гуфт, ӯ аз ҳаққи мурофиаи одилона маҳрум шудааст. Президенти пешини Покистон, ки ҳоло 76 сол дорад, дар Дубай зиндагӣ мекунад. Додситони кулли Покистон Анвар Мансурхон рӯзи 17-уми декабр гуфт, ҳукумат “қонун, на шахсиятро ҳимоят мекунад” ва афзуд, “мурофиа дар ғайби айбдоршаванда чизи маъмулӣ нест”.

Нахуствазири Покистон Имрон Хон рӯзи 18-уми декабр дар Женева баргузории ҷаласаи фаврии ҳизби “Таҳрики Инсофи Покистон”-и худро даъват кард ва гуфт, бояд ҳукми Мушарраф баррасӣ шавад.

Бахши вижаи Додгоҳи Исломобод рӯзи 17-уми декабр ғоибона Парвиз Мушаррафро бо ҷурми "хиёнат" ба қатл маҳкум кард. Ин эълон вокунишҳои мухталифро дар ҷомеаи ин кишвар ба миён овард.

​Артиши Покистон бо нашри як эъломия гуфт, Парвиз Мушарраф "чиҳил сол ба ин кишвар хизмат намуда ва ҷангҳоро барои ин кишвар анҷом додааст ва наметавонад як хиёнаткор бошад". Парвиз Мушарраф нахустин раҳбари низомии Покистон аст, ки муҳокима ва маҳкум мешавад.

Артиши Покистон дар таърихи беш аз ҳафтодсолаи ин кишвар, тақрибан нисфи ин муддат қудратро дар ихтиёр доштааст. Пеш аз Мушарраф, генералҳо Яҳёхон, Аюбхон ва Зиёулҳаққ солҳо бо панҷаи оҳанин дар Покистон ҳукумат карданд.

Шайх Рашид Аҳмад, вазири роҳи оҳани Покистон ҳам гуфтааст, ки маҳкум кардани Парвиз Мушарраф ба эъдом, ин кишварро ба тарафи бӯҳрон мебарад. Шайх Рашид гуфтааст, ин тасмим боиси ихтилоф дар Покистон мешавад ва метавонад кишварро ба сӯи ҷанҷол ва даргириҳо барад. Вай гуфтааст, афроде, ки Покистонро "ғорат" карданд, муҳокима намешаванд, аммо онҳое, ки "хидматгор" буданд, маҳкум мешаванд.

Ишораи Шайх Рашид зоҳиран ба нахуствазири пешин Навоз Шариф ва президенти қаблӣ Осиф Алӣ Зардорӣ ҳаст, ки ба фасод ва коррупсия муттаҳам мешаванд, аммо додгоҳ дар нисбати онҳо ҳукм содир накардааст. Навоз Шариф, ки дар боздошт ба сар мебурд, чанд рӯз қабл бо пардохти гаравпулӣ озод ва барои муолиҷа ба берун сафар кард.

Парвиз Мушарраф, ки 76 сол умр дорад, дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба сар мебарад. Додгоҳ дар соли 2016 ба ӯ иҷозат дода буд, ки барои муолиҷа ба хориҷ сафар кунад.

Раҷа Зафар-ул-Ҳаққ, аз раҳбарони Ҳизби робитаи мусалмонон (шохаи Навоз Шариф) мегӯяд, ба бовари ӯ аз инки дар кобинаи феълии Покистон тарафдорони Парвиз Мушарраф ҳузур доранд, муҷозоти марг бар ӯ амалӣ нахоҳад шуд.

Ӯ афзуд, "дар кобинаи феълии ҳукумат афроди зиёде ҳастанд, ки дӯстони Мушарраф буданд. Ба вижа, вазири феълии умури дохилӣ, ки дӯсти наздики Мушарраф аст. Бинобар ҳамин, фикр мекунам ҳукумати феълӣ барои овардани ӯ аз хориҷ, зиёд талош нахоҳад кард".

Парвиз Мушарраф чанд рӯз пеш дар як паёми видеоӣ аз бемористон, иттиҳомҳои воридшуда бар худашро беасос донист. Ҳизби сиёсии таъсиснамудаи Мушарраф ҳам гуфтааст, ки аз болои ҳукми додгоҳ ба зинаҳои болоӣ шикоят мебарад.

Бо ин ҳам, ҳукми қатли Мушарраф аз сӯи бархе ниҳодҳои мудофеи ҳуқуқи башар бо истиқбол рӯбарӯ шудааст. Умар Вароич, масъули Ҷануби Осиё дар Созмони Афви Байналмилал гуфтааст, талоши шикастани ин суннат, ки генералҳои қудратмандро аз ҷавобгарӣ афв мекард, умедворкунанда аст. Аммо оқои Вароич айни замон бо ин ҳукми қатл мухолифат карда, онро хеле "ваҳшиёна ва ғайриинсонӣ" хондааст.

Парвиз Мушарраф дар соли 1998 бо пешниҳоди нахуствазири вақт Навоз Шариф, фармондеҳи артиши Покистон шуд. Ӯ дар моҳи октябри соли 1999 тайи як табаддулоти низомӣ ҳукумати Навоз Шарифро сарнагун кард ва худ ба қудрат расид. Ӯ аз соли 2001 то 2008 раиси ҷумҳури Покистон буд.

Ӯ дар 3-юми ноябри соли 2007 Қонуни асосии он кишварро ба ҳолати таълиқ даровард ва вазъияти изтирорӣ эълон кард. Дар ниҳоят Парвиз Мушарраф барои он, ки ҷилави радди салоҳияташ аз сӯи порлумонро бигирад, дар моҳи августи соли 2008 аз мақоми раёсати ҷумҳури Покистон канор рафт.