Мушкили ронандагоне, ки мошинҳояшон рақами хориҷӣ дорад
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Гуруҳе аз муҳоҷирони тоҷик, ки бо мошинҳои худ (бо рақами русӣ) аз Русия ба Тоҷикистон меоянд, аз ҳаққи ками мондан дар кишвар шикоят доранд. Мақомот гуфтанд, соҳибони чунин мошинҳо метавонанд, 15 рӯз дар Тоҷикистон биистанд. Дар сурати дар ин муддат аз кишвар берун нарафтан, беш аз 1200 сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд.