Мақомоти интизомии Тоҷикистон Файзулло Раҳимов, як масъули қисми марзбонӣ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлонро дастгир кардаанд. Ӯ ба "суистифода аз мансаб" ва "берун баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ", муттаҳам аст. Ин моддаи қонуни ҷиноӣ аз панҷ то ҳашт соли маҳрумӣ аз озодиро пешбинӣ мекунад. Вакили мудофеъ ва наздикони Файзулло Раҳимов то ҳол дар ин замина ибрози назар накардаанд.
Мақомоти Додситонии ҳарбии минтақаи Кӯлоб ифтитоҳи парванда бар зидди Файзулло Раҳимовро тасдиқ карданд, аммо ҷузъиёт надоданд.
Як манбаъ дар додситонӣ ба шарти фош нашудани номаш рӯзи 6-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, боздошти Файзулло Раҳимов баъди кӯшиши худкушии Ҳусниддин Тоҳиров, сарбози қисми ҳарбии "0307", марбут ба Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, сурат гирифтааст. Ба қавли манбаъ, сарбоз дар оғози моҳи декабр сирко нӯшида, қасд ба ҷони худ кардааст.
"Капитан Файзулло Раҳимов, иҷрокунандаи сардори Комендатураи қисми ҳарбии 0307-и Қушӯнҳои сарҳадӣ ба сарбоз ва як афсари дигар беш аз 1000 сомонӣ дода, гуфтааст, аз зодгоҳашон ду гӯсфанд биоранд. Онҳо ба ин нарх гӯсфанд наёфтаанд. Ҳангоми хабар додан дар ин бора таҳдид шунидаанд. Сарбоз замони бозгашт дар Кӯлоб аз мағоза об ва сирко гирифта, дар яке аз ҳоҷатхонаҳои бозор хӯрдааст", - афзуд ӯ.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Наздиконаш мегӯянд, Ҳусниддин Тоҳирови 22-сола аз ноҳияи Темурмалик ҳашт моҳ пеш ба артиш рафта буд. Ҳоло ӯ дар бемористони вилоятии Кӯлоб бистарист.
Бахтиёр Ҳакимов, пизишки бемористони Кӯлоб гуфт, ки Ҳусниддин Тоҳировро рӯзи 2-юми декабр овардаанд ва ҳоло вазъаш беҳтар аст. "Дараҷаи заҳролудшавиаш миёна буд ва мо тамоми кӯшиши худро барои наҷоти ӯ анҷом додем",-афзуд ӯ.
Озода, модарандари Ҳусниддин Тоҳиров, гуфт, писараш оиладор аст ва соҳиби як фарзанд мебошад.
Мо дар бемористони Кӯлоб Ҳусниддин Тоҳировро аз наздик дидем, аммо ӯ нахост дар бораи ин ҳодиса сӯҳбат кунад ва тафсилотро бигӯяд.
Солҳои ахир дар бораи қасди худкушӣ ва ё марги сарбозон дар ҳангоми хидмат дар артиш хабарҳои зиёд мерасад. Танҳо имсол ба "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ", як созмони ҳомии ҳуқуқ дар Тоҷикистон волидони чаҳор сарбоз муроҷиат кардаанд, ки 3 нафари онҳо ҳангоми хидмат дар артиш фавтидаанд. Волидони сарбозон ба шарҳи расмии мақомот оид ба марги фарзандашон шак доранд ва мехоҳанд, сабабҳои асосии марги онҳоро бидонанд.
Мақомот ҳар дафъа марги сарбозонро онро ба бемории онҳо рабт медиҳанд ва ё ҳодисаи тасодуфӣ мегӯянд. Кам иттифоқ афтодааст, ки масъулони қисми ҳарбӣ ва ё фармондеҳон ҷазо бигиранд.