"Монед, халқ интихоб кунад, ки бо кадом низом пул фиристад"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Имрӯз барномаро бо шарҳи корбарон оғоз мекунем, ки мегӯянд, ҳангоми фиристодани пул аз Русия ба Тоҷикистон мушкил доранд ва ё наздиконашон маблағҳои фиристодаи онҳоро гирифта наметавонанд. Ин мушкил 3-юми декабр баъди ба кор даромадани маркази миллии интиқоли пули Тоҷикистон шуруъ шуд. Мақомот гуфтанд, ҳамаи пулҳо бояд ба воситаи ин марказ ба дасти муштариён расад. Онҳо далели тасмимро ҳимоят аз муҳоҷирон донистанд, дигарон бовар доранд, ки мақомот ин бахши сердаромадро ба ихтиёри худ мегиранд.