КБО барномаи Олимпиадаи наврасон-2022 дар Дакарро тасдиқ кард

Томас Бах, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ.

Кумитаи иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) барномаи мусобиқоти Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон-2022 дар Дакарро тасдиқ кард, ки аз рӯи 33 намуди варзиш баргузор мешавад. Дар ин бора сомонаи расмии КБО хабар додааст.

Чунонки дар хабар омадааст, ба 28 намуди варзиш боз панҷ намуд - брейк-данс, серфинг, шӯхпаймоии варзишӣ, мавҷбозӣ ва скейтбординг - илова шудааст.

"Бозиҳои олимпии наврасон-2022 дар Дакар аввалин мусобиқоти олимпӣ дар қораи Африқо мебошад, ки барои Сенегал таърихӣ хоҳад буд", - гуфтааст президенти КБО Томас Бах.

Дар Бозиҳои олимпии наврасон-2022 ҳудуди 4500 варзишгар иштирок хоҳад кард.

Бояд тазаккур дод, варзишгарони тоҷик се бор дар Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон ширкат варзидаанд. Тоҷикистонро дар нахустин Олимпиадаи наврасон, ки соли 2010 дар Сингапур доир шуд, шаш варзишгар дар шаш намуд намояндагӣ кард. Аз байни онҳо Баҳодур Қодиров (гуштии озод, вазни то 63 кг) медали нуқра ва Шукрона Шарифова (таэквон-до WTF, вазни то 44 кг) медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон, ки соли 2014 дар Нанҷинги Чин доир шуд, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳашт варзишгар дар ҳафт намуд дохил буд. Вале ба ягон нафари онҳо гирифтани медал муяссар нашуд.

Тоҷикистонро дар Олимпиадаи сеюми наврасон дар Буэнос-Айрес се варзишгар намояндагӣ кард. Сулаймони Ҷамшед дар мусобиқаи ҷудо дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни зери 66 кило ҷойи нӯҳумро соҳиб шуд. Бежан Файзуллоев дар мусобиқаи тирандозӣ аз таппончаи пневматикӣ ба масофаи 10 метр дар даври интихобӣ бо натиҷаи 538-7х дар байни 20 нафар ҷойи охиринро гирифт.

Анастасия Тюрина дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо усули баттерфлай ё парвона дар даври интихобӣ дар байни 36 нафар бо натиҷаи 33,37 сония зинаи охиринро ишғол намуд. Баъдан ӯ дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод бо натиҷаи 29,92 сония дар байни 53 нафар 42-юм шуд.

Бояд гуфт, ки Бежан Файзуллоев дар Бозиҳои олимпии наврасон дар Буэнос-Айрес дар тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр дар ҳайати дастаи омехта ҳамроҳ бо варзишгардухтари ҳиндӣ Ману Бҳакер соҳиби медали нуқра гардид.

Сулаймони Ҷамшед дар мусобиқаи ҷудо дар рақобатҳои дастаӣ дар ҳайати тими омехта бо номи "Рио-де-Жанейро" ҳамроҳ бо якнафарӣ варзишгарон аз Косово, Туркманистон, Алҷазоир, Словения, Қирғизистон, Русия ва Бурунди бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Вале медалҳои Бежан ва Сулаймон на ба дастаи Тоҷикистон, балки ба тими мунтахаби омехта, ки таҳти парчами олимпӣ ширкат кард, марбут аст.