Тоҷикистон "Талко"-ро бо Чин "тақсим" мекунад?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сафири пешини Чин дар Тоҷикистон Юе Бин гуфт, бо сармоягузории зиёда аз ниммиллиарддолларии кишвараш ширкати алюминийи тоҷик -- “Талко” -- бозсозӣ ва амалан ба як корхонаи нави замонавӣ ва моликияти муштараки ду тараф табдил дода хоҳад шуд. мақомоти Тоҷикистон ҷузъиёти қарордодҳои марбут ба “Талко”-ро фош намекунанд ва харҷи 545 миллион доллари ширкати чинии СМЕС-ро танҳо “навсозӣ ба хотири коҳиши хароҷот ва афзоиши даромади “Талко” меноманд.