Як рӯз дар Мачитон. Беморони пур аз орзу, вале дасткӯтоҳ

Бемористони Мачитон

Азиза бо бемории фалаҷи мағзӣ таваллуд шуд. То чанд соли пеш наметавонист, дасту пойҳояшро ҳаракат диҳад. Баъди табобатҳои тӯлонӣ ва парасториҳои модараш ҳоло то ҳадде беҳбуд ёфт, ки метавонад дастҳояшро бардорад ва модарашро ба оғӯш гирад. Азиза 11-сола аст. Дар дусолагӣ падараш ӯ ва модарашро тарк кард.

Модари Азиза – Дилором Раҳимҷонова, сокини шаҳри Турсунзода зоҳиран ба сарнавишти худу духтараш созиш кардааст. Ӯ бидуни андуҳ ва озурдагӣ аз дирӯзу имрӯзаш ҳикоя мекунад.

"Дар як сол то чаҳор бор табобат мегирем. Модарам дар нигоҳубини Азиза ёрӣ мерасонад. Бо кумаки молии мардум Азизаро чанд моҳ пеш дар шаҳри Алматои Қазоқистон ҷарроҳӣ кардем ва ҳоло пойҳояшро каму беш ҳаракат медиҳад"-мегӯяд Дилором Раҳимҷонова.

Табобати асосии Азиза дар Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии солимии кӯдакон дар деҳаи Мачитони ноҳияи Рӯдакӣ мегузарад. Ин ҷо кӯдаконе ба монанди Азиза ҳам дармони равонӣ мегиранд ва ҳам ҷисмонӣ.

Қамариддин Шоев, мудири шуъбаи барқарорсозии бемориҳои раддодӣ (ортопедӣ) ва асаб мегӯяд, як давраи табобат то ду ҳафта давом мекунад ва ба ҳисоби миёна як кӯдаки маъюб дар сол то чаҳор бор дуҳафтаӣ ба табобат фаро гирифта мешавад. Бештари ин кӯдакон падари муҳоҷир ва модари хонашин доранд.

"Бо тахти равон (носилка) меоранд, мо роҳгардон мекунем. Дар бештари ҳолатҳо кӯдакон беҳбуд меёбанд, вале барқарорсозии сад дарсадӣ нест. Бо кӯдакон машқи ҷисмонӣ, машқи инкишофи нутқ мекунем, бозиҳои рушддиҳандаи зеҳн мегузаронем. Ин кӯдакон дасту по ва дигар аъзо доранд, аммо аз сабаби бемориҳои асаб наметавонанд онҳоро дуруст кор фармоянд, ҳарф зананд",-нақл кард Қамариддин Шоев.

Ба гуфтаи ин пизишк, илмӣ собит шудааст, ки дар 25 дарсади ҳолатҳо кӯдакони носолим аз никоҳҳои пайвандон ба дунё меоянд. Як иддаи дигар дар натиҷаи беаҳамиятии занон ҳангоми ҳомила буданд ва кӯдакони дигар ба далели зоймони мушкил, бемориҳои ирсӣ – гирифтори фалаҷи кӯдаконаи мағзи сар мешаванд.

Мансур Меликов, табиби ин марказ мегӯяд, ҳангоми иҷрои машқҳои физикӣ вай аз волидони кӯдакон даъват мекунад, ки дар толор ҳозир шаванд. Ба ин васила вай ба волидон меомӯзонад, ки баъд аз анҷоми давраи табобати бемористон дар хона ҳамроҳ бо кӯдакони худ чӣ гуна машқ кунанд.

"Бадбахтона, модарон дар хона фурсат ва ё ҳавсалаи бо кӯдакони худ кор карданро надоранд. Машғулиятҳояшон дар хона зиёд аст, болои ин на ҳама имкон дорад, ки василаҳо ва дастгоҳҳои лозимиро барои машқ харанд. Аз ҳамин хотир сиҳатёбӣ ноком мешавад ё дер давом мекунад," -- афзуд Меликов.

Ба гуфти табибон, маркази барқарорсозии деҳаи Мачитон тақрибан бениёз аст, аммо волидони кӯдакони маъюб эҳтиёҷи зиёд доранд. Танҳо як тӯби резинӣ, ки барои машқ кардани кӯдакон ҳатмист, дар бозорҳо то 70 сомонӣ арзиш дорад. Модари Заринаи 4-сола ва Аминаи 7-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ, ки ҳоло дар Мачитон табобат мегиранд, ба ҷуз аз ду фарзанди маъюб ду фарзанди ноболиғи дигар дорад. Нодира Зокирова, модари ду кӯдаки маъюб аз ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, тавони пӯшонидани харҷҳои асосии фарзандонашро надорад, куҷо расад ба харидани василаҳои машқ ба Заринаву Амина.

"Пештар дӯзандагӣ мекардам. Аз рӯзе, ки Зарина бемор шуд, дигар бас кардам. Дастам намерасаду асабҳоям намебардоранд. Зарина 2-сола буд, таб кард, ба беморхона бурдем, сӯзандору гузарониданд, баъди ҳамон фалаҷ шуд. Амина модарзодӣ сутунмуҳрааш айб дорад. Вақте хам мешавад, сутунмуҳрааш каҷ мегардад",-нақл мекунад Нодира Зокирова.

Ин зан ҳамроҳи ду духтари маъюбаш даврони табобатро дар бемористон мегузаронад, мисли занҳои дигар. Дар ҳар утоқ, дар баробари катҳои хоби беморон, нисфе аз фарши утоқҳоро гилем пӯшонидааст. Дар ду ҳафтае, ки кӯдакон дар бемористон табобат мегиранд, модарон рӯи гилем хоб мераванд ва аз фарзандонашон парасторӣ мекунанд.

Дилором Раҳимҷонова, модари Азизаи 11-сола аз ноҳияи Турсунзода ба хотири роҳгардон шудани фарзандаш омода аст, ҳамаи сахтиҳоро таҳаммул кунад.

"Як маҳсгар ҳам киро кардем, дар хона Азизаро маҳс мекунад. Муаллиме ҳафтае як бор омада, дар хона дарс медиҳад. Як-ду маротиба ӯро ба мактаб фиристодем, вале кӯдакони солимро дида, таҳаммул карда натавонист. Ба ҳамин хотир дар хона дарс мегирад",-гуфт модари Азиза.

Қамариддин Шоев дар посух ба ин суол, ки чӣ бояд кард, то теъдоди кӯдакони маъюб кам шавад, ҷавоб дод, "бояд шароити зиндагиро беҳ кард".

"Дар хонаводаҳои тоҷик келинро мисли ғулом қабул мекунанд. Муносибат бо келин хуб нест. Домод баъди як моҳи тӯй ба Русия меравад, келин дар муҳити бегона танҳо мемонад. Тарсу ваҳм дорад. Фишори хусуру хушдоманро эҳсос мекунад, дар натиҷа тифл носолим ба дунё меояд. Ҳатто дар баъзе ҳолатҳо вақте келинҳо бемор мешаванд, онҳоро ба духтур намебаранд. Ҳолатҳое мешавад, ки занҳо телефонҳои моро пайдо карда, занг мезананд, илтимос мекунанд, ки ба хусуру хушдоманашон тамос гирем ва талаб кунем, ки набераҳои маъюбашонро барои табобат ба беморхонаи мо ирсол кунанд. Бо вуҷуди ҳамин ҳам бепарвоӣ мекунанд",-гуфт Шоев.

Ба гуфтаи ин табиб, дар баъзе ҳолатҳо падарони хонавода баъди таваллуд шудани тифли носолим оиларо тарк мекунанд. Мисле падари Азиза ӯро тарк кард.

Ҳоло Азизаи 11-сола сарфи назар аз машаққатҳо аз модараш хоҳиш мекунад, ки бештар бо вай машқ кунад. Орзуи роҳ рафтан тору пуди ӯро чунон танидааст, ки дарду озори ҷисмониро ҳангоми машқҳо нодида мегирад.

Ниҳояти орзуи Азиза ин аст, ки ҳадди ақал бо асобағал роҳ равад. Орзуе, ки ба гуфтаи табибон, имкон дорад, бо машқҳои пайваста амалӣ шавад.