Сафари аз пеш эълоннашудаи Трамп ба Афғонистон

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 28-уми ноябр ногаҳонӣ ба Афғонистон рафт ва дар пойгоҳи Багром бо нерӯҳои амрикоӣ мулоқот кард. Ин нахустин сафари Доналд Трамп ба Афғонистон аст.

Генерал Марк Миллей, раиси Ситоди муштараки нерӯҳои низомии Амрико аз Доналд Трамп истиқбол кард. Сипас раиси ҷумҳури Амрико бо ҳамтои афғонаш Ашраф Ғанӣ дидору гуфтугӯ дошт.

Дар зиёфати шом ба муносибати "Рӯзи шукргузорӣ" (Дар Амрико ва Канада мардум ба шукронаи ҷамъоварии ҳосил ҷашн баргузор мекунанд - РО), Доналд Трамп аз сарбозон бо гушти филмурғ ё мурғи марҷон, пазироӣ кард. Вай сипас бо сарбозони амрикоӣ ва ҳамчунин Ашраф Ғанӣ ва генерал Марк Миллей хӯроки шом хӯрд.

Трамп дар оғози суханронии худ барои нерӯҳои амрикоии мустақар дар пойгоҳи ҳавоии Багром дар наздикиҳои Кобул "Рӯзи шукргузорӣ"-ро ба онҳо табрик гуфт. Вай дар идома гуфт, шумораи нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон кам хоҳад шуд. Раиси ҷумҳури Амрико ба таври мушаххас нагуфт, ки чӣ теъдод аз нерӯҳои амрикоӣ коҳиш меёбад.

Трамп ҳамчунин изофа кардааст, гурӯҳи Толибон хоҳони даст ёфтан ба созиш бо Амрико аст, аммо бояд дид чӣ иттифоқе рӯй хоҳад дод. Хабаргузории "Рейтерс" мегӯяд, Доналд Трамп дар ҳоле ба Афғонистон рафтааст, ки эҳтимоли даст ёфтан ба созиш бо гурӯҳи Толибон бештар шудааст.

"Мо хоҳони оташбас ҳастем, онҳо қаблан оташбас намехостанд, вале ҳоло хоҳони оташбас ҳастанд. Ба ақидаи ман, эҳтимолан музокирот натиҷабахш хоҳад буд", -- гуфтааст вай.

Дар ҳоле Трамп мегӯяд, музокирот бо Толибон дубора оғоз мешавад, дар моҳи сентябри имсол гуфта буд, музокирот бо гурӯҳи Толибон "мурда" аст.

Музокироти сулҳ бо гурӯҳи Толибон ҳудуди як сол идома кард ва Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико барои Афғонистон, бо мақомоти Толибон дар Қатар ин гуфтугӯҳоро пеш мебурд.

Амрико ба таври расмӣ маъмурияти ҷангии худро дар Афғонистон дар соли 2014 хотима бахшид, аммо ҳудуди 14 ҳазор нерӯи ин кишвар мондаанд. Вашингтон мегӯяд, онҳо ба омӯзиш ва пешниҳоди машварат ба нерӯҳои давлатии Афғонистон машғул ҳастанд.

Ҷанги Афғонистон тӯлонитарин набарде аст, ки Амрикоро даргири худ кардааст. Ҷанг дар ин кишвар боис ба кушта шудани даҳҳо ҳазор тан аз низомиёни ва ғайринизомиёни афғон шудааст. Бино ба гузоришҳои расмии Вазорати дифои Амрико, то моҳи июни соли ҷорӣ беш аз 2210 низомии амрикоӣ дар Афғонистон ҷони худро аз даст додаанд.