"Ал-Ҳилол" ғолиби Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2019 шуд

Бошгоҳи футболи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ, ки дар бозии ҷавобӣ дар меҳмонӣ дастаи «Урава Ред Даймондс»-и Ҷопонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард, ғолиби Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2019 гардид.

Дар бозии ҷавобӣ голҳоро нимҳимоятгар Салим Ал-Давсарӣ дар дақиқаи 74-ум ва ҳамлагари фаронсавӣ Бафетимби Гомис (90+3) ба самар расониданд. Бозии аввал низ бо пирӯзии бошгоҳи «Ал-Ҳилол» бо ҳисоби 1:0 хотима ёфта буд.

Ба ин тартиб, «Ал-Ҳилол» аз шаҳри Ар-Риёзи Арабистони Саудӣ барои бори севум дар таърихи худ ғолиби Лигаи қаҳрамонҳои AFC гардид. Аз ин пеш «Ал-Ҳилол» солҳои 1991 ва 2000-ум дар ин мусобиқаи пурнуфузи қитъавӣ пирӯз шудааст.

Зимнан, дастаи «Пхохан Стилерс»-и Кореяи Ҷанубӣ низ се бор - солҳои 1997, 1998 ва 2009 - дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC ғолиб гаштааст. Аз рӯи ин нишондод ҳарду даста пешсафанд.

Ғолиби Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2019 - «Ал-Ҳилол» - ҳуқуқ пайдо кард дар қаҳрамонии бошгоҳии ҷаҳон, ки онро FIFA (Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол) аз 11-ум то 21-уми декабри имсол дар Қатар доир мекунад, ширкат варзад.

Бошгоҳи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ охирин ширкаткунандаи ин мусобиқа гардид, ки дар он ҳамчунин «Фламенго»-и Бразилия, «Ливерпул»-и Англия, «Монтеррей»-и Мексика, «Эсперанс»-и Тунис, «Ианген»-и Каледонияи Нав ва «Ал-Садд»-и Қатар иштирок мекунанд. Дар чорякфинал «Ал-Ҳилол» муқобили «Эсперанс» бозӣ хоҳад кард.