"Вақте дорусоз хонасоз мешавад..."

Ин ҳам аз аҷоиботи кишвари мост, ки ширкате бо номи тиббӣ ва бо гузаштаи тиббӣ (ва эҳтимол бо мутахассисони соҳаи тиб) давову дармону корди ҷарроҳиро канор мегузорад ва асбобу исканаро рӯи даст мегираду баландошёна месозад.

Ширкати дигар ҳам ки то чанде пеш оби газдору машруб истеҳсол мекард, ҳамакнун хонасоз шуда.

Яке дигараш, ки асосан барои истеҳсоли қуму шағалу сангреза таъсис шудааст, ҳоло хонасозӣ мекунад.

Натиҷа чӣ мешавад? Ҳамин мешавад, ки хонасозон дар биноҳои сохтаи худ истиқомат намекунанд. Зеро аз нарасидани нури офтоб, то обу барқ ҳазору анд каму кости дигарро доранд.
Як ҳикмати қадимист ба ин мазмун "дар ҳар манзиле, ки нури офтоб нарасад, қадами табиб мерасад".

Мазмун, камбуди нур метавонад, боис ба бемориҳо гардад.

Меъмор бошиву муҳандис, ки ин назокатро дарк намоӣ. (Танҳо таҷрибаи тиббӣ, машрубсозӣ, қумбезӣ кофӣ нест).
Чӣ гуфтан мехоҳам? Дар шаҳри Душанбе ҳама хонасоз шудааст. Бо ин суръате, ки хонасозӣ пеш меравад, дар ояндаи наздик дар Душанбе ҷойи сӯзан партофтан нахоҳад монд. Вале камбуди мактабу боғча ва дигар муассисаҳои иҷтимоиро хоҳем дошт.

Зоҳиран, суръати хонасозӣ дар Душанбе бо шохисҳои рушди инсонӣ баробар нест. Кӯчидани сокинони деҳот ба шаҳр (урбанизатсия), ки талаботи хонасозиро (дар Душанбе) ба миён овардааст, эҳтимол дорад, ки ҷанбаҳои манфиаш бештар аз мусбатҳояш бошад.

Ҷавонеро аз деҳаи куҳистоние мешиносам, ки танҳо чароғон будани кӯчаҳои Душанбе ва то нисфишабӣ кушода будани мағозаҳо ӯро то ҳадде мафтун кардааст, ки мехоҳад, ҳамин ҳоло ҳамаи дору надорашро ҷамъ кунад ва ба пойтахт кӯчад.

Бояд чораҷӯие шавад, то сокинони деҳот танҳо ба хотири пайдо кардани кор ва кӯчаҳои чароғону мағозаҳо ба шаҳр накӯчанд. Ҳадди ақал аз бозхонди иҷозатномаи ширкатҳои ғайриҳирфаӣ бояд шуруъ кард.

Бигзор дорусоз ба дорисозиаш идома диҳад, қумбез ба қумбезиаш...

Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.