Бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2019 бар дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуд, бори ҳаштум ғолиби ин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ гардид.
Бозии ниҳоӣ миёни дастаҳои “Истиқлол”, қаҳрамони Тоҷикистон ва “Регар-ТадАЗ”, ҷоизадори биринҷии мусобиқаи имсолаи лигаи олии кишвар, рӯзи якшанбеи 24-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуд.
Замони асосии дидор бо ҳисоби мусовии 1:1 ба охир расид. Ҳисобро Комрон Турсунов, ҳамлагари «Истиқлол», дар дақиқаи 12-ум боз кард. Баъди 20 дақиқа Нозим Бобоҷонов, ҳамлагари «Регар-ТадАЗ», аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метрӣ ҳисобро баробар намуд.
Аз рӯи силсилаи пеналтӣ кори душанбегиҳо омад кард. «Истиқлол» бо ҳисоби 4:2 ғолиб шуд. Рустам Ятимов, дарвозабони «Истиқлол» беҳтарин бозигари дидор эътироф гашт.
Ба ин тартиб, «Истиқлол» бори ҳаштум бо Ҷоми Тоҷикистон мукофотонида шуд. Аз ин пеш бошгоҳи шаҳри Душанбе солҳои 2009, 2010, 2013, 2014, 2015, 2016 ва 2018 Ҷоми Тоҷикистонро ба даст оварда буд.
Пирӯзии «Истиқлол» дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2019 ба дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон-2019, имкон дод, ки дар Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2020 аз марҳилаи плей-офф иштирок намояд.
Финал
«Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол» – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 2:4
Голҳо: Комрон Турсунов, 12 (0:1). Нозим Бобоҷонов, 32 – аз пеналтӣ (1:1).
Тӯбро аз ҷаримаи 11-метрӣ хато зад: Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»), 66 – сутуни дорвоза.
Силсилаи пеналтӣ: Зоир Ҷӯрабоев – 0:0 (дарвозабон). Абдулмуъмин Забиров – 0:0 (сутуни дарвоза). Искандар Ҷалилов – 0:1. Ҷамолиддин Зардиев – 1:1. Шаҳром Сулаймонов – 1:2. Шерзод Маҳамадиев – 1:2 (дарвозабон). Алексей Ларин – 1:3. Алишер Шарипов – 2:3. Эҳсони Панҷшанбе – 2:4.
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Фатҳулло Бобоев, Алишер Шарипов, Алишер Холмуродов, Акбар Бобомуродов, Оятулло Сафаров, Расул Пайзов, Абдулмуъмин Забиров, Акбари Шелдорӣ Ораш, Шерзод Маҳамадиев, Нозим Бобоҷонов, Диловаршо Ғаниев (Ҷамолиддин Зардиев, 81).
«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Зоир Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир, Искандар Ҷалилов, Шаҳром Сулаймонов, Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов, Комрон Турсунов (Саидмухтор Азимов, 37, Алексей Ларин, 110), Шаҳром Самиев, Шериддин Бобоев.
Беҳтарин бозигари дидор: Рустам Ятимов («Истиқлол»).
Огоҳӣ гирифтанд: Искандар Ҷалилов, Шаҳром Сулаймонов, Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»).
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
Нозири доварон: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).
Комиссари бозӣ: Комрон Шодиев (Душанбе).
24-уми ноябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 4500 тамошобин.
Дарвоқеъ, соли гузашта низ дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2018, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат баргузор шуд, рақобат карда буданд. Бозии ниҳоӣ бо пирӯзии «Истиқлол» бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт. Тӯбро Комрон Турсунов, ҳамлагари “Истиқлол”, дар дақиқаи 60-ум ба ҳадаф расонд.
Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон шуруъ аз соли 1992 барои бори 28-ум баргузор шуд. Ҳамагӣ даҳ даста барандаи Ҷом гардидааст. Аз ҳама бештар “Истиқлол” ҳашт бор Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст.
“Регар-ТадАЗ” шаш бор, “Хуҷанд” чаҳор бор, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.
НАТОИҶИ ҲАМАИ БОЗИҲОИ НИҲОИИ ҶОМИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ФУТБОЛ АЗ СОЛИ 1992 ТО СОЛИ 2019:
- 1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0
- 1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 5:3
- 1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1
- 1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2
- 1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0
- 1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1
- 1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1
- 1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ– 4:2
- 2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2
- 2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1
- 2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0
- 2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1
- 2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0
- 2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 3:1
- 2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1
- 2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Хима» (Душанбе) – 1:0
- 2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1
- 2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1
- 2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0
- 2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1
- 2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 5:6
- 2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0
- 2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2
- 2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 6:5
- 2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2
- 2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2
- 2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0
- 2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 4:2