Дар даҳ соли ахир 25 додраси додгоҳҳои Тоҷикистон, аз ҷумла як додраси занро ба зиндон маҳкум кардаанд. Дар ин бора раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 21-уми ноябр дар мулоқот бо кормандони додгоҳҳо иттилоъ дод ва гуноҳи асосии онҳоро “ҷиноятҳои коррупсионӣ” ном бурд.
Баъзе аз сокинони Тоҷикистон додрасҳоро ба эълони, ба бовари онҳо, ҳукмҳои ноодилона ва суистифода аз мансаб муттаҳам мекунанд. Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, қаблан дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки мизони қонуншиканӣ дар миёни додрасҳои кишвар кам шудааст ва онҳо пеш аз он ки додрасро ба кор гиранд, як сол ба ҳайси коромӯз месанҷанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбе дар мулоқот бо додрасҳо дар Душанбе гуфт, “дар даҳ сол 16 корманди дастгоҳҳои судҳо низ барои содир кардани ҷиноят маҳкум гардиданд” ва ӯ чунин вазъро “бисёр нигаронкунанда ва боис ба ташвиш”хонд.
Сафи онҳое, ки дар ин даҳ сол аз кор дар додгоҳҳои кишвар ронда шуда, ба зиндон маҳкум нагардидаанд, бамаротиб зиёдтар аст. Танҳо дар соли 2018 тақрибан даҳ корманди додгоҳҳои кишвар бо гуноҳи “риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо” ва “содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори додрасро паст мезанад” аз мақомҳои худ барканор шудаанд.
Мақомот ҷузъиёт надодаанд, ки қонуншикании додрасҳо ва паст задани шаъну эътибори онҳо чист, вале сокинону таҳлилгарон бештар ба ҳукмҳои хато ва вуҷуди фасод ишора мекунанд.
Иқбол Шамсиева, сокини шаҳри Душанбе, иддао дорад, ки “бинобар тамаъҷӯии додрасҳо” ӯ ва аҳли оилааш дар ростои маҳрум шудан аз ягона манзили зист қарор доранд. Вай гуфт, дар як баҳси додгоҳӣ додрас аз тарафи муқобил ҳимоят кардааст.
Мақомоти додгоҳ мегӯянд, онҳо ҳамеша ба далел такя мекунанд, на эҳсос ва зориву тавалло.
Ватан Абдураҳмонов, додраси собиқадори тоҷик, мегӯяд, то замоне ки додрасҳо (судяҳо) дар Тоҷикистон маоши кам мегиранд ва он барои пешбурди зиндагӣ кофӣ нест, мушкили коррупсия мемонад. "Соли 1985 қатъномаи ассамблеяи генералии СММ дар бораи мустақилии суд ва судяҳо содир шуда буд. Дар он гуфта мешуд, маоши судяҳо бояд то ҳадде баланд бошад, ки барои коррупсия ва суистифода аз мансаб ҷо намонад. Ҳоло судяҳои мо 1500-2000 сомонӣ маош мегиранд, зану фарзанд доранд, бояд хӯронанду пӯшонанд. Мо судяҳоро дар шароити ногуворе мондаем, ки пора гиранд", -- иброз дошт Абдураҳмонов.
Ҳамсуҳбати мо гуфт, медонад, ки қудрати иқтисодии давлат барои боло бурдани маош маҳдуд аст, аммо роҳҳои боло бурдани маош боз ҳам вуҷуд дорад: “Мувофиқи қонун дар Тоҷикистон ҳокимияти иҷроия, қонунгузор ва судӣ се шохаи баробари ҳокимият ҳастанд. Аммо маоши депутатҳо 6-7 ҳазор сомонист, вале аз судяҳо кам. Пас, ин чӣ гуна баробарӣ аст? Ҳол он ки кори додрасҳо бисёр душвор аст онҳо ва ҳар як парвандаро аз дил мегузаронанд.”
Ин додраси собиқадори тоҷик мегӯяд, як имконияти боло бурдани маоши додрасҳо ба корҳои тиҷоратӣ машғул шудани Иттиҳоди додрасҳои Тоҷикистон аст, ки солҳои охир фаъолияти пурсамар надоштааст.
Ватан Абдураҳмонов гуфт: “Масалан, дар Фаронса иттиҳоди додрасҳо дар назди худ корхона дорад, чатр истеҳсол мекунад ва аз ин ҳисоб аъзояш даромад мегирад. Дар мо ҳам ин созмон метавонад ба кори тиҷоратӣ машғул шавад ва дар беҳбуди вазъи иҷтимоии додрасҳо саҳм гузорад”.
Шохаи мустақили ҳокимият?
Чанде аз додрасҳое, ки дар мулоқот бо раиси ҷумҳур ҳузур доштанд, аз гуфтани ҷузъиёти нишаст ба Радиои Озодӣ худдорӣ карданд. Содиқ Шоназаров, мушовири ҳуқуқии бахши ёрдамчии президент оид ба ҳуқуқ гуфт, “ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон мустақил аст ва ҳама гуна дахолат ба кори он манъ аст ва ҷавобгарии ҷиноӣ дорад”.
“Дар ин вохӯрӣ ба судяҳо таъкид карданд, ки қарорҳои мунсифона, қонунӣ ва боадолат содир кунанд. Ҳангоми баррасии парвандаҳо қонунро риоя кунанд, ба қонуншиканӣ роҳ надиҳанд, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандро риоя кунанд, агар ҳуқуқашон поймол шуда бошад, онро барқарор кунанд”, -- иброз дошт ӯ.
Коршиносон мегӯянд, ин даъватҳо дар сурате ҳосил медиҳанд, ки шароити корӣ беҳтар карда шавад ва мақомот ба кори додрасҳо дахолат накунанд. Вагарна, ба гуфтаи онҳо, ҳамин гуна таъкид дар вақти ба кор қабул кардани додрасҳо садо медиҳад.
Феълан дар Тоҷикистон 450 додрас кор мекунанд. Баъзеҳо ба мустақил набудани ин шохаи ҳокимият таъкид доранд. Ин масъала бахусус ҳангоми мурофиаи афроде, ки ба қавли пайвандонашон ангезаҳои сиёсӣ дорад, бештар садо медиҳад.