Баъди "Умед 88". Канаск чӣ гуна аз Вазорати молия қарздор монд?

Мавзеи Канаск

Вазорати молияи Тоҷикистон як хоҷагии кишоварзии давлатиро, ки ба парвариши картошка ва ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш машғул аст, ба додгоҳ кашидааст. Мақомот гуфтанд, хоҷагӣ аз онҳо беш аз 800 ҳазор сомонӣ қарз дорад ва бояд ҳарчӣ зуд баргардонад. Намояндагони хоҷагӣ мегӯянд, дар ин қазия гунаҳкор нестанд, балки "дастури ғайрибозаргонӣ" онҳоро ба чунин ҳол афканд.

Вазорати молия ба зидди "Хоҷагии ёрирасони Канаск" ба Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон шикоят кардааст. Пас аз моҷарои 171 миллион сомонӣ қарзи ширкати фурӯши сӯзишвории "Умед 88" аз Вазорати молия ин баҳси дувуми додгоҳии вазорат ҷиҳати бозгардондани қарзҳояш аст.

"Хатлон пули картошкаи тухмиро надод"

Мавзеи "Канаск" дар 44 ҳазор гектар замин дар ҷамоати Ромити ноҳияи Ваҳдат ҷойгир аст. Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, соли 2016 раиси ҷумҳур барои парвариши картошка дар он ҷо дастур дод ва баъд аз он "Хоҷагии ёрирасони Канаск" таъсис ёфт. Вазорати молия ба хоҷагӣ ба муҳлати як сол 872 ҳазор сомонӣ қарзи бефоиз додааст. Аммо бо гузашти ду сол ин пул бознагаштааст ва вазорат барои маҷбуран ситонидани пул ба додгоҳ муроҷиат кардааст.

Бобишо Азиззода, ки то моҳи октябри имсол раиси хоҷагии “Канаск” буд (18-уми октябри соли 2019 бинобар сабаби аз нав ташкилдиҳӣ аз вазифа барканор шуд), дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "кори хоҷагӣ пурсамар буд ва ҳосили хуби картошка низ ба даст оварданд, аммо хилофкории мақомоти чанде аз ноҳияҳои вилояти Хатлон вазъи молиявии хоҷагиро хароб намуд".

"Роҳбари давлат соли 2017 супориш дод, ки ба вилояти Хатлон бе пешпардохт картошкаи тухмӣ диҳем ва онҳо баъд аз ҷамъоварии ҳосил пулро медиҳанд. Мо 1,5 ҳазор тонна картошкаро ба вилоят фиристодем, аммо то ҳанӯз маблағи картошкаро нагирифтем," -- иброз дошт ӯ.

Вақте нархи картошка беш аз 5 сомонӣ шуд

Дастури ба ноҳияҳои вилояти Хатлон додани картошка замоне дода шуд, ки ин маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон кам гардида, нархаш аз 5 сомонӣ гузашт ва боис ба норозигии мардум гашт. Азиззода мегӯяд, дар чунин вазъият ба хотири фаровон шудани ҳосили картошка ба Хатлон маҳсулот фиристоданд, вале аз 14 ноҳияи вилояти Хатлон танҳо ноҳияи Кушониён пурра пули картошкаро пардохтаасту бас.

Дар натиҷа, ба иддаои роҳбари ҳамакнун собиқи “Канаск”, вазъи молиявии хоҷагӣ, ки “худмаблағгузор” мебошад, бад шуда, ҳатто дар пардохти маоши кормандон оҷиз мондааст.

Амирбеки Темур, сардори раёсати кишоварзии вилояти Хатлон, рӯзи 20-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, воқеан, ноҳияҳои вилоят аз ин хоҷагӣ қарздоранд. “Ҳоло хоҷагиҳое, ки ҳамин тухмии картошкаро дарёфт карда буданд, рӯйхат карда истодаем ва барои бозгардонидани ин қарз чора меҷӯем. Воқеан, мушкил вуҷуд дорад, аммо дар як рӯз ё ду рӯз ҳал намешавад,” -- гуфт Амирбеки Темур.

Мурофиа баргузор шуд ва...

Дар ҳоле ки маъмурияти “Канаск” дар гирудору бозгардонидани пули ҳосили чанд соли қаблаш аз ноҳияҳои вилояти Хатлон аст, Вазорати молия корро ба додгоҳ кашонд.

Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон баррасии даъвои вазоратро дар ин бобат шурӯъ кардааст. Нурулло Нуриддинӣ, додраси Додгоҳи олии иқтисодӣ, рӯзи 20-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "бар асоси аризаи вазорат аллакай ҷонибҳо даъват карда шуданд ва чанд мурофиа баргузор гардид".

"Ҳоло ин мавзӯъ дар баррасӣ аст ва то замони содир шудани қарори ниҳоӣ мувофиқи қонун ҳақ надорам дар ин бора иттилоъ диҳам," -- гуфт ӯ.

Ин баҳси дувуми додгоҳии Вазорати молияи Тоҷикистон дар чанд соли ахир барои баргардони қарзҳои додааш аз ширкату хоҷагиҳо аст. Қазияи аввал ба 171 миллион сомонӣ қарзи ширкати “Умед 88” рабт дошт, ки бо 24 сол ҳабси раисаш Раҷабалӣ Одинаев тамом шуд.

Қарзи пардохтнашудаи “Канаск” ба Вазорати молия ба мисли моҷарои “Умед 88” ба соли 2017, замони вазирии Абдусалом Қурбонзода бармегардад. Қурбонзода пас аз қазияи "Умед 88" аввал танқид шунид ва дертар аз мақом ронда шуд.