Баҳси шароити зиндонҳо дар Тоҷикистон
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки гунаҳкорони терроризму ифротгароиро аз маҳбусони дигар ҷудо карда, дар биноҳои махсус нигоҳ хоҳанд дошт. Онҳо рӯзи 20-уми ноябр дар як нишасти минтақаӣ дар Душанбе эълон карданд, ки тарҳи биноҳо омодааст. Дар як соли ахир дар зиндонҳои Тоҷикистон ду ошӯб сар зад ва бар асари он даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд. Мақомот дар ташкили ҳарду ошӯб маҳбусонеро гунаҳкор карданд, ки бо ҷурми ифротгароӣ ва терроризм маҳкум шудаанд.