Дар Тоҷикистон истифода аз Wi-Fi-ҳоро танзим мекунанд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳукумати шаҳри Душанбе назорати истифода аз Wi-Fi ё интернети бепул дар баъзе аз боғу тарабхонаҳо ва назди донишгоҳҳои пойтахтро сахттар кардааст. Қарор дар ин бора рӯзи 15-уми ноябр содир шуд. Бино ба он, минбаъд рақами телефони ҳар истифодабарандаи Wi-Fi-и бепул дар ҷойҳои ҷамъиятии Душанбе сабт шуда, ба кадом сомона даромадани онҳо назорат мегардад. Тартиби наве, ки баъзе аз сокинони пойтахт бо он розӣ нестанд ва нақзи дастрасии озод ба шабакаҳои ҷаҳонӣ медонанд.