Манъи парвариши чорво дар гӯшаҳои нави пойтахти Тоҷикистон

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Душанбе ба тафтиши ҳавлиҳо ва ёфтану берун кардани чорвои мардум оғоз кардаанд. Ин масъала дар маҳаллаҳои наве, ки тайи се соли ахир ба ҳудуди пойтахт ворид карда шудаанд ва сокинон асосан дар ҳавлиҳо зиндагӣ мекунанд, доғ аст. Мардум мегӯянд, бо нигоҳ доштани чорво, аз ҷумла гову гӯсфанд ва мурғ як бахши зиндагии худро таъмин мекунанд. Мақомот пойфишорӣ доранд, ки бояд меъёрҳои шаҳрнишинӣ риоят шавад. Бар соси қонуне, ки соли 2009 қабул шудааст, барои парвариши чорво дар ҳудуди пойтахт то ҳазор сомонӣ, муодили беш аз сад доллар ҷарима таъйин кардаанд.