Темур Зулфиқоров гуфт, ба Русия барнамегардад
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Темур Зулфиқоров, нависандаи машҳури русзабон ва зодаи Тоҷикистон, мегӯяд, тасмим гирифтааст, дигар барои иқомат ба Русия барнагардад. Ӯ, ки дар Душанбе ва Варзоб хона ва осоишгоҳи давлатӣ дорад, рӯзи 5-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, мехоҳад, даврони пириашро дар зодгоҳаш сипарӣ кунад.