Беларус Фарҳод Одинаевро аз боздошт озод кард

Фарҳод Одинаевро дар марзи Литва ва Беларус дастгир карда буданд.

Мақомоти интизомии Ҷумҳурии Беларус Фарҳод Одинаев, як фаъоли сиёсии тоҷикро озод кардаанд. Ӯро шоми 6-уми ноябр дар назди боздоштгоҳи шаҳри Гродно ҳамсару бародар ва чанд хешованди дигараш пешвоз гирифтаанд. Дар ин бора Наста Лойка аз созмони ҳомии ҳуқуқи "Human Constanta" ба Радиои Озодӣ хабар дод. Ин созмон ба Фарҳод Одинаев кумаки ҳуқуқӣ мерасонд.

Наста Лойка афзуд, Фарҳод Одинаев баъди суҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо вакили дифоаш ҳамроҳи хешовандонаш маҳалли боздоштгоҳро тарк кард ва "ҳақ дорад, ба ҳар куҷое, ки хоҳад биравад". Мақомоти Тоҷикистон Фарҳод Одинаевро ба ифротгароӣ муттаҳам карда ва аз мақомоти Беларус хоста буданд, ки ӯро барои муҳокима ба Тоҷикистон бисупоранд.

Аммо рӯзе пештар Додситони кулли Беларус гуфт, ки дархости мақомоти Тоҷикистон барои истирдоди Одинаевро рад кардааст.

Фарҳод Одинаев як узви созмони ҷамъиятии "Eurasian Dialog Institution" аст, ки мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷ таъсис додаанд. Фарҳод Одинаев, ки рӯзи 25-уми сентябри имсол ба машварати солонаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар бораи ҳуқуқи инсон ба Варшава мерафтааст, дар гузаргоҳи марзии "Каменний Лог", воқеъ дар сарҳади Литва ва Беларус бо дархости қаблии ҳукумати Тоҷикистон дастгир шуд.

Фарҳод Одинаев 42 сол дошта, зодаи ноҳияи Ҳисор аст. Соли 2013 ба ҳайси яке аз муассисони телевизиони "Сафо" дар Маскав кор кардааст, ки аз моҳи август то ноябри он сол тавонист барномаҳо таҳия кунад.

Фаъолони мухолифин мегӯянд, телевизиони мустақил он сол зери фишори мақомоти тоҷик баста шуд.