Баъд аз 4 моҳи зиндагӣ дар вагони тангу оҳанин, оилаи Гулнора ва Ҳикматулло ба хонаи гарму дорои тамоми шароит барои кӯдакони бемор ҷой карда шуданд.
Пас аз нашри як матлаб дар бораи сахтиҳои зиндагии ин оилаи бесарпаноҳ ва бемор дар сомонаи Радиои Озодӣ, дар як ҳафта зиндагии онҳо ранги дигар гирифт. Ҳамакнун Гулнора ва Ҳикматулло бо фарзандон зимистонро дар хонаи гарму роҳат сипарӣ мекунанд.
Юсуфҷони 4-сола ҳам, ки дар вагони тангу тор аз тамошои филмҳои тасвирӣ маҳрум буд, дар хонаи нав акнун чашм аз телевизор намеканад. Хушҳолии ӯ ва бародараш дар манзили нав ҳадду канор надорад.
Ҳикматулло бо ду фарзанди бемор то як ҳафтаи пеш дар як чордевори танг ва шароити бад зиндагӣ дошт. Баъди нашри гузориш, як соҳибкор онҳоро дар хонаи худ ҷой кард.
Гулнора Олимова, модари ду фарзанди бемор дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ бо ашки шодӣ лаҳзаи аз вагон ба манзили иҷора кӯчиданашон нақл кард. "Як соҳибкор омад, гирифт бегоҳирӯзӣ бе ягон чизу чора моро ба ин хона овард. Гуфт, ҳаминҷо 4 моҳ метавонед зиндагӣ кунед. Вай гуфт, ҳамаашро худам таъмин мекунам. Мо то ин вақт, фикр доштем, ки зимистон куҷо меравем. Ҷойи рафтан надоштем. Дар як вагони хунук будем".
Ҳарчанд ин хона барои доимӣ аз онҳо нахоҳад буд ва ҳамагӣ як ҳуҷра дорад, аммо оилаи бесарпаноҳ, ки фарорасии зимистон сахт нигаронашон карда буд, хушҳоланд, ки аз вагони оҳанин берун шуданд. "Худоро шукр, ки ин ҷо беҳтар аст. Кӯдакон на дар тарӣ ҳастанд ва на дар намӣ. Ин хона ҳама шароитро дорад",-мегӯяд Гулнора.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Гулнора Олимова, дар сӯҳбати қаблӣ гуфта буд, ки баъди оворагиҳои зиёд бо шавҳару фарзандон дар як вагони танги оҳанин қарор гирифтанд. Ин вагон дар канори як нуқтаи шустушӯи мошинҳо дар Душанбе ҷойгир буд ва Ҳикматулло Зоирӣ, шавҳари Гулнора ҳам дар он ҷо мошиншӯӣ карда, рӯзгорашро пеш мебурд. Пули коркардаи ӯ барои муолиҷаи ду писари бемор ва ҳамсараш, ки аз нафастангӣ ранҷ мекашанд, сарф мешуд ва имкони гирифтани хонаи иҷора надоштанд.
Ба гуфтаи Ҳикматулло, баъди гузориш аз вазъи зиндагиашон, мардуми зиёде ба кӯмаки онҳо шитофтанд. Бархе ҳам барояш умед бахшидаанд, ки барои дарёфти сарпаноҳи шахсӣ, ба ӯ кӯмак хоҳанд кард. Ба гуфтаи Ҳикматулло, онҳое, ки тавассути навори видеоӣ аз ҳоли ӯ бохабар шуданд, барояш то ҳол занг мезананд ва кӯмак мерасонанд. Ӯ аз хабарнигорони Радиои Озодӣ хост ташаккурашро ба афроди хайрхоҳ бирасонанд.
"Худо ҳар чиро сабаб мекунад. Сабаб шуд, мо бо Шумо шинос шудем ва шукри Худо, бачаҳои соҳибкор дастгирӣ карда истодаанд. Худо умрашонро дароз кунад. Мо бисёр миннатдорем. Баъзеҳо ваъда карданд, ки дастгирии калон мекунанд. Пул оварданд, хариди хона кардем, барои кӯдакон либос харидем",-мегӯяд Ҳикматулло
Ба гуфтаи Ҳикматулло, дар пайи нашри гузориш, пизишки як маркази шахсии тиббӣ барои табобати ройгони ҳамсар ва ду фарзанди бемори Ҳикматулло изҳорӣ омодагӣ кардааст. Як писари Ҳикматулло фалаҷи дасту пой шуда, аз забон мондааст ва дигарӣ бемории дил дорад. "Духтур занг зада, гуфт, фарзандонатро биёр, мебинам. Рафтем, дид, вазъи оилаамро ҳам дид. Дору дод, кӯдакон бепул ҳоло табобат мегиранд".
Ин хонавода, ки солҳост аз бесарпаноҳӣ ранҷ мекашанд, мегӯянд, сахттарин мушкил барои як нафар ҳамин бехонагӣ будааст. Сарсониҳои онҳо баъди берун аз шудан аз ҳавлии падар шурӯъ шуд. Ҳикматулло мегӯяд, дар ҳавлии волидони ӯ 6 оила якҷо зиндагӣ мекарданд ва ҷанҷолҳои хонаводагӣ сабаб шуд, ки ӯ ба назди волидони ҳамсараш кӯч банданд. Аммо он ҷо ҳам зиндагӣ осон набуд. Бо умеди дарёфти сарпаноҳ ва дастёбӣ ба зиндагии беҳтар, ӯ бо ҳамсараш ба Маскав рафт ва ихроҷ шуд.
Муроҷиатҳои ба такрори Ҳикматулло ба мақомот барои гирифтани як пора замин натиҷае надод. Зиндагӣ дар вакони танг ва шароити бад ин хонаводаро маҷбур кард, ки духтари бузургашонро ба ятимхона диҳанд. Аммо дасти кӯмаки афроди хайрхоҳ, ин оилаи бесарпаноҳу парешонро ҳарчанд мувақатан, аммо дар як хона сарҷамъ кардааст. Чизе, ки аксар оилаҳои бехона ва ба ин далел аз ҳам дур монда дар орзӯяш ҳастанд.
Ҳикматулло, ки дар сӯҳбати қаблӣ бо мо ноумед буд, ҳоло мегӯяд, кӯшиш мекунад дар ин чанд моҳе, ки фарзандонаш сарпаноҳ доранд, кори беҳтаре пайдо кардаву дар фикри ҳалли пурраи мушкили бехонагии худ шавад.