"Маро дар назди хонаамон дошта, мисли барра ба мошин бор карданд ва ба комиссариати ҳарбӣ бурданд. Дар комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино навиштанд, ки ихтиёрӣ омадааст. Ҳақорат мекарданд. Шароити ҷое, ки ман ва ҷавонони дигарро нигоҳ медоштанд, бад буд. Аз субҳ то шом танҳо нон ва каме об доданд, ин ҳам баъди он ки доду вой кардем..." Ин нуктаро Сомони 21-сола, сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки ба қавли худаш ду ҳафта пеш иҷборан ба комиссариати ҳарбӣ бурда шудааст, иброз дошт.
На танҳо шарҳ надоданд, балки таҳдид карданд, ки...
Ин ҷавон рӯзи 31-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, афроде, ки ӯро маҷбурӣ ба комиссариати ҳарбӣ бурданд, дар тан либоси мулкӣ дошта, худро корманди "уголовный розыск" муаррифӣ кардаанд. Як намояндаи комиссариати ҳарбии Сино ҳарфҳои Сомонро беасос хонд, аммо на танҳо аз шарҳи бештари мавзӯъ худдорӣ намуд, балки таҳдид кард, аз назди бинои комиссариат дур равем.
Рӯзи 31-уми октябр беш аз як соат пушти дари комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино мунтазир будем, то бо масъулон дар робита ба шикояти Сомон ва чанд нафари дигар, ки гуфтанд, фарзандонашонро маҷбурӣ ба ин идора овардаанд, ҳамсӯҳбат шавем. Касе ҳозир нашуд, ки ба суолҳои мо посух диҳад.
Сомон худро қурбонии "облава" медонад. Вай гуфт, пас аз ташхисҳои тиббӣ, ки бинияш шикаста ва чанд узви баданаш бемор баромад, ӯро раҳо кардаанд: "Вазъиятамро гуфта будам, лекин бовар накарданд ва ташхис гузарониданд. Аз соати 9-и субҳ то 6-и бегоҳ маро нигоҳ доштанд. Мегӯӣ раҳо кунед, ба ҳоҷатхона равам, ҳамроҳат нигаҳбон мефиристанд."
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ борҳо аз шеваи ҷалби ҷавонон ба артиш ва шароити хидмати ҳарбӣ нигарониҳо садо додааст.
Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Пеш аз маҷбур кардан, шароитро муҳайё кунед"
Санавбар Назарова, як корбари шабакаи Фейсбук, рӯзи 26-уми октябр ба мақомдорону масъулони комиссариатҳои ҳарбӣ муроҷиат карда, гуфтааст, "пеш аз "облава" аввал шароит барои наваскаронро муҳайё кунанд, то гуруснаву бараҳна болои фарш интизор намонанд, ки ба кадом қисм онҳоро сафарбар хоҳанд кард." Ӯ дар идома гуфтааст, "боре худи фармондеҳон дар ҳамон шароити тоқатфарсо ним соат истеду ҳолатонро бинед. Бо инсонҳо чун ҳайвон бархӯрд накунед, шароит фароҳам кунед."
Чунин шикоятҳо дар ҳоле сурат мегиранд, ки мақомоти Вазорати мудофаи Тоҷикистон борҳо ҳолатҳои ҷалби маҷбурӣ ва муносибати дағалона нисбат ба ҷавононро ҳангоми маъракаи даъват ба артиш рад намуда, беасос хондаанд. Ин ниҳод мегӯяд, ҳоло шароит нисбат ба солҳои пеш дар қисмҳои низомӣ беҳтар шудааст.
Чанд тан аз волидони ҷавонони синни даъват ба артиш дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ба хидмати фарзандонашон дар артиш зид нестанд, вале ҷалби писаронашон ба артиш бояд аз роҳҳои қонунӣ сурат гирад. Ҳамсӯҳбатони мо гуфтанд, пеш аз ҳама масъулон бояд таҳлил намоянд, ки фарзандонашон то куҷо имкони хидмат дар артишро доранд ва назари волидон нисбат ба ин масъала ба эътибор гирифта шавад. Бархе дигар мегуфтанд, вазъи иқтисодии хонаводагияшон онҳоро дар шароите гузоштааст, ки фақат як интихоб доранд: ё артиш, ё кор барои таъмини рӯзгор.
"Чаро даъватнома намедиҳанд?"
Юсуфалӣ Хоҷаев, сокини ноҳияи Ёвон мегӯяд, писараш барои таъмини рӯзгори хонавода ба Душанбе барои кор дар сохтмоне омада буд, вале ӯро дастгир карда, ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бурдаанд. Ӯ афзуд, бо вуҷуди он ки вазъи саломати писараш хуб нест, мехост, ба пойтахт омада, кор кунад, зиндагиро пеш барад: "Лекин қапида оварданд. Аз хурдӣ биноии як чашмаш суст аст, як пояш лат хӯрдааст, шунавоияш хуб нест. Чаҳор фарзандам хидмат кардаанд, лекин чаро моро хабардор намекунанд, чаро даъватнома намефиристанд? Вазъи зиндагӣ беҳтар бошад, саломатияш хуб бошад, сад дар сад мехоҳам хидмат кунад."
Дар комиссариати ҳарбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ гуфтанд, то аз Вазорати дифои кишвар иҷоза нашавад, онҳо наметавонанд бо хабарнигорон дар бораи маъаракаи даъвати ҷавонон ба артиш суҳбат кунанд.
Мисқол Раҳмонқулова, як зани кӯҳансол ду рӯз набераашро ҷустуҷӯ кард, ки дар кадом қисми низомӣ бошад. Раҳмонқулова ба Радиои Озодӣ гуфт, аз он нигарон аст, ки гӯшҳои наберааш ношунавост ва ҳини хизмат дар артиш ҳодисае ба ӯ рух надиҳад. Ин зан гуфт, набераашро иҷборан ба артиш бурдаанд ва аз масъулони даъвати ҷавонон ба артиш хост, бо чунин амалашон модаронро асабонӣ накунанд. Бибӣ барои он ба ҷустуҷӯ баромад, ки модари ҷавон дар бистари беморист.
Дар пушти дари комиссариатҳои ҳарбӣ баъзе модарони дигареро ҳам дидан мумкин буд, ки ба суроғи фарзандонашон омадаанд. Баъзеҳо мегуфтанд, як писар доранд ва бар асоси қонун набояд ба хидмати ҳарбӣ раванд. Гурӯҳе мегуфт, писараш бемор аст ва афроди дигар таъкид мекарданд, "модар ҳастем, ҳақ дорем, ки донем писарамон дар куҷо асту чӣ аҳвол дорад, чарои бе огоҳии волидон ба ин ҷо оварда шудаанд?"
"Ман маълумот дорам ва фарзандамро халос кардам"
Фарангис Шарифзода, аз зумраи модароне буд, ки рӯзи 31-уми октябр пас аз талошҳояш собит сохт, ки фарзандаш дар оила писари танҳост. Ин зан баъди он ки ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи яккаписар будани фарзандашро дастраси масъулони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино намуд, Беҳрӯзи 22-соларо раҳо карданд. Фарангис Шарифзода пас аз раҳоии писараш гуфт, ӯ соҳиби маълумот аст ва исбот намуд, ки рафтани писараш ба артиш мумкин нест.
Зимни як боздид аз комиссариатҳои ҳарбии Душанбе ҳолатҳои иҷборан овардани ҷавонон ба баъзе комиссариатҳои ҳарбӣ мушоҳида шуд. Дар як комиссариати ҳарбӣ дида мешуд, ки бо мусофирбари хатсайрҳои пойтахт, аз ҷумла хатсайрҳои 8 ва 15 ҷавононро оварда, ба дохили комиссариати ҳарбӣ ворид мекарданд. Ин дар ҳолест, ки бар асоси қонунгузорӣ, ҷавонони синни даъват ба хидмати ҳарбӣ бояд худ бо гирифтани даъватнома ба чунин комиссариатҳо ҳозир шаванд.
Шикоятҳо аз ҷалби иҷбории ҷавонон ба артиш дар ҳоле садо медиҳанд, ки Вазорати дифоъ рӯзи 1-уми ноябр ба Радиои Озодӣ хабар дод, нақшаи даъвати ҷавонон ба артиш то 80 дарсад иҷро шудааст ва ин маърака дар муқоиса ба солҳои пеш "беҳтару хубтар роҳандозӣ гаштааст". Аммо коршиносони мустақил, ки масъалаи ҷалби ҷавонон ба артишро пайваста назорат мекунанд, мегӯянд, назар ба солҳои пеш, бештарин шикояту нигарониҳо дар даъвати баҳорӣ ва тирамоҳии имсол ба мушоҳида расидааст.
Ҳомиёни ҳуқуқ чӣ мегӯянд?
Ба қавли нозирон, аксари шикоятҳо аз сӯи волидон аз ҷалби маҷбурӣ ва ё “облава” шудани фарзандонашон садо додааст. Бо печидатару доғтар шудани масъалаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, дар доираи таҳлилгарону намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ гуфтугӯҳое атрофи роҳҳои ҳалли ин мушкил низ сурат мегирад, ки далели ба авҷи худ расидани "сарбозшикор" аст.
Ба қавли Дилафрӯз Самадова, намояндаи созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ вуҷуди муносибатҳои ғайриоиномавию шиканҷа дар артиш боис ба он шудааст, ки ҷавонон аз рафтан ба хидмати ҳарбӣ худдорӣ кунанд. Ӯ гуфт, ки сабаби дигаре, ки метавонад ҷавононро аз рафтан ба артиш дур созад, ин набуди имтиёзҳои кофӣ барои сарбозон аст: "Вақти он расидааст, ки хизмати ҳарбӣ шартномавӣ шавад, яъне ба ҷавононе, ки ба хизмат мераванд, маоши беҳтар диҳанд, бигузор шумора кам, вале сифат беҳтар бошад. Имтиёзҳои муайяне бояд бошад, масалан, хизмат дар артиш яке аз шартҳои кор дар мақомоти қудратӣ. Фикр мекунам он вақт хоҳиши аксар ҷавонон барои хизмати ҳарбӣ зиёд мешавад."
Самадова афзуд, ба мушоҳидаи онҳо ҳолатҳои “облава” ё "сарбозшикор" имсол дар муқоиса ба солҳои пеш афзоиш ёфтааст, ки ин боис ба нигаронист. Ба қавли ӯ, танҳо давоми камтар аз як моҳи оғози маъракаи даъвати тирамоҳӣ, ба созмони онҳо 15 нафар дар мавриди даъвати фарзандонашон ба артиш, аз ҷумла дар мавриди ҷалби иҷборӣ ба гирифтани машварат омадаанд. Ҳамсӯҳбати мо афзуд, ҳоло қисми зиёди ҷавонон барои рафтан ба хидмати ҳарбӣ шавқ надоранд ва саркашӣ мекунанд, ки чунин мушкилро аз роҳи пешниҳоди имтиёзҳои беҳтару бештар ҳал кардан мумкин аст.
Онҳое, ки хидмати ҳарбӣ кардаанд, чӣ имтиёз доранд?
Қонунгузории кишвар феълан баъзе аз имтиёзҳоро барои ҷавононе, ки хидмати ҳарбиро адо мекунанд, пешбинӣ намудааст, вале чунин имтиёзҳоро худи ҷавонон нокофӣ меҳисобанд. Маркази миллии тестии Тоҷикистон барои онҳое, ки хидмат кардаанд ва хоҳиши ба ягон донишгоҳ дохил шуданро доранд, дар баробари холҳои ба дастовардааш 75 холи дигар ҳамчун имтиёз пешбинӣ кардааст.
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфтанд, ба ҷавоне, ки хидмати ҳарбӣ мекунад, то се моҳ 400 сомонӣ ҳамчун кумак медиҳанд ва тибқи саҳмия онҳоро дар доираи имкониятҳо бо кор таъмин менамоянд. Аммо бо чанде аз ҷавоне, ки ҳамсӯҳбат шудем, аз ҳастии ин гуна кумаку имтиёзҳои вазорат огоҳ нестанд ва баҳрвар нашудаанд.
Ориф Нозимӣ, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба сарбозон ҳини адои хизмат дар қисмҳои низомӣ низ имтиёзҳое пешбинӣ шудааст. Ӯ гуфт, ҷавонҳое, ки барои ду соли хизмат ба артиш меоянд, пас аз якуним соли хизмат, дар 6 моҳи боқимонда метавонанд дар маркази таълимии Вазорати дифоъ ба омӯзиши касбу кор машғул шаванд. Дар ин марказ беш аз 10 пеша, аз қабили ронандагӣ, кафшергарӣ, ошпазӣ, устои барқ пешбинӣ шудааст, ки бо анҷоми чунин курсҳо ба сарбозон парвона ё иҷозатномаи кор ҳам дода мешавад.
Саидҷафъар Усмонзода, вакили порлумони Тоҷикистон, мегӯяд, ӯ низ ҳолатҳои ҷалби иҷбории ҷавононро ба артиш мушоҳида кардааст, ки барои ҳалли ин мушкил бояд ҳар чӣ зудтар чораҷӯӣ шавад. Вай гуфт, имтиёзҳои кунунӣ барои сарбозон нокофӣ буда, ниёз ба бозбинӣ доранд. "Элементҳои зӯроварӣ дар қисмҳои ҳарбӣ ҳанӯз ҳам аст ва бояд онро решакан кард. Баъдан набояд онҳоеро, ки аз зери дор гурехтаанд, ба артиш баранд. Артиш ҷойи беморон нест, ҷойи афроди солим аст."
Ин узви Маҷлиси Намояндагон гуфт, ҳар нафаре, ки аз шеваи даъват ба артиш шикоят дорад, муроҷиат кунад, ҳамчун вакил омодааст онро баррасӣ кунад.
Камбудҳоро муовини нахуствазир мегӯяд?
Дар Вазорати дифои Тоҷикистон дар робита ба масъалаи ҷалби иҷбории ҷавонон ба артиш гуфтанд, камбудҳое, ки зимни даъвати тирамоҳӣ сар задаанд, пас аз анҷоми ин маърака дар ҳузури Азим Иброҳим, муовини сарвазири Тоҷикистон, ки раиси Комиссияи даъвати ҷавонон ба артиш аст, баррасӣ хоҳанд шуд. Аъзои ин комиссия муовинону раисони ноҳияҳо мебошанд, ки онҳо тибқи иттилои Вазорати дифоъ вазифадоранд нақшаи даъвати ҷавонон ба артишро дар ноҳияҳои худ таъмин кунанд.
Яке аз масъалаҳое, ки ҳангоми даъвати ҷавонон ба артиш боис ба нигаронӣ шудааст, иҷрои ҳар чӣ зуди нақша аст. Як масъули комиссарияти ҳарбӣ, ки нахост, номаш зикр шавад, гуфт, "вақте ҷавонон бо хоҳиши худ ба комиссариати ҳарбӣ намеоянд ва аз сӯи дигар нақшаи даъват дар вақти пешбинишуда бояд иҷро шавад, аз чораҳои дигар кор гирифта мешавад."
Абдулмаҷид Ризоев, ҳуқуқшиноси тоҷик гуфт, ҳамин нақша сабаб мешавад, ки мақомот барои иҷрои он ҳуқуқи сокинонро поймол кунанд. Ӯ афзуд, намояндаи ҳеҷ ниҳоде ҳақ надорад ҷавонеро, ки ба артиш намеравад, дар кӯча ё макони дигар дастгир карда, ба комиссариати ҳарбӣ ё шӯъбаи корҳои дохилӣ барад: "Агар ҷавонон нараванд, пеш ҳама сабабашро бояд маълум намоянд ва баъдан ба мақомоти додситониву додгоҳ санад фиристанд. Бигзор додгоҳ баҳои ҳуқуқӣ диҳад."
Ноадолативу нобаробарӣ ва вуҷуди омилҳои коррупсиониро ҳини даъвати ҷавонон ба артиш, бархе аз коршиносон аз омилҳое меҳисобанд, ки метавонад сафи ҷавононеро, ки ҳадафи довталабона рафтан ба артишро доранд, кам кунад. Мақомоти мубориза бо фасод борҳо аз боздошти бархе аз кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ хабар додаанд, ки дар ивази гирифтани пора, мехоҳанд ҷавононро аз хидмати ҳарбӣ озод намоянд.
Дар Тоҷикистон даъват ба хизмат дар артиш соле ду бор -- баҳору тирамоҳ -- сурат мегирад ва дар ҳар даъват аз 15 то 16 ҳазор ҷавони аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии аскарӣ ҷалб мешаванд. То анҷоми даъвати имсолаи тирамоҳӣ як моҳи дигар мондааст. Мақомот мегӯянд, қабл аз муҳлат нақшаро иҷро мекунанд, вале мунтақидон мегӯянд, бовар доранд, то анҷоми муҳлати маъракаи даъват боз шикоятҳое аз "шикор" шудани ҷавонон садо хоҳанд дод.