Баҳси хонаи чаҳор миллионӣ дар Душанбе. Чаро 23 нафар хаймашин шуданд?

Бо гузашти ҳашт моҳ аз расонаӣ шудани шикояти як оилаи иборат аз 23 нафар дар Душанбе, ки зери хайма зиндагӣ доранд, баҳси онҳо бо ҷониби дигар печидатар шудааст. Яке аз тарафҳо мегӯяд, ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон низ мушкилро ҳал накард.

Ин хонавода моҳи марти имсол гуфта буданд, ки яке аз наздикон манзилашонро “аз худ карда”, онҳоро дар беруни дар гузоштааст. Ҳоло хонаро ба нафари дигар фурӯхтаанд ва молики нав аз хонаводаи 23-нафарӣ хостааст, ки хаймаи худро кананд ва ҳудуди манзили ӯро тарк кунанд. Ҳар се тараф ба ҳақ будани худ пойфишорӣ доранд ва далел пеш меоранд.

Маҳмурод Саидов, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, молики асосии хона ӯст ва ба иддаои вай Низом Қараев, бародари ҳамсараш хонаро “ғайриқонунӣ” аз онҳо гирифтааст.

Қараев мегӯяд, ӯ манзилро расман харидааст. Дар қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон аз моҳи июли имсол низ ба харидуфурӯши қонунии манзил байни Бахтиёрҷони Маҳмурод, писари Маҳмурод Саидов ва Садоқат Қосимова, ҳамсари Низом Қараев таъкид шудааст.

Низом Қараев.


Низом Қараев рӯзи 2-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин хонаро моҳи феврали соли 2014 харида, моҳи майи имсол ба нафари дигар фурӯхтааст. “Хонаро ба фурӯш гузошта буданд. Вақте омадем, тибқи қоидаи бозор савдо кардем ва 4 миллиону 410 сомонӣ нарх гузоштем. Ин рӯзи 27-уми феврали соли 2014 буд. Байни мо ягон баҳс набуд. Он кас фақат гуфтанд, ки дарси кӯдакон моҳи май-июн тамом мешавад ва соли оянда онҳоро ба мактаби дигар мегузаронанд. Мо бовар кардем ба хотири хешу таборӣ ва ин ҳолат пеш омад”, -- афзуд ӯ.

Ин ҳамсӯҳбати мо таъкид кард, ки бо гузашти як сол оилаи хоҳараш хонаро холӣ накарданд ва баҳс аз он ҷо шурӯъ шуд. Низом Қараев мегӯяд, вақте аз роҳи муросо баҳс ҳал нашуд, ночор ба мақомоти милиса муроҷиат кард, то онҳоро аз хона берун кунанд.

Иддаое, ки Маҳмурод Саидов рад мекунад ва мегӯяд, соли 1993 сокини пойтахти Тоҷикистон шуда, дар масоҳати 16 сотих дар кӯчаи Назаршоев ҳавлии дутабақа сохт. Ӯ гуфт, "Низом Қараев соли 2014 бо роҳи тақаллуб ҳуҷҷатҳои манзилро ба номи худаш сабт кардааст".

Ба иддаои Маҳмурод Саидов, Низом Қараев писарони ӯ Бахтиёр ва Умедҷонро гӯиё фиреб дода ва гуфтааст, "тиҷорат мекунем, падару модаратон нафаҳмад, хонаро баргардонда медиҳем".

Хона пеш аз он ки моҳи майи имсол ба нафари дигар фурӯхта шавад, ба номи Садоқат Қосимова, ҳамсари Низом Қараев сабт шудааст. Маҳмурод Саидов мегӯяд, ба зидди Садоқат Қосимова ба додситонии ноҳияи Шоҳмансур шикоят бурда буд. Ба нақли ӯ, мақомот дар аввал амали Қосимоваро ғайриқонунӣ шумурда, бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ кушодаанд ва худи ӯро дастгир кардаанд. Дертар ӯро озод намудаанд.

Маҳмурод Саидов.


Аммо дар ин маврид Низом Қараев далели дигар дорад. Вай санадеро нишон дод, ки дар он Бахтиёрҷони Маҳмурод, писари Маҳмурод Саидов дастхате навишта ва ваъда кардааст, “розӣ ҳастанд молу мулки ин манзилро бидуни ягон даъво ба Садоқат Қосимова, ҳамсари Низом Қараев супоранд".

Низом Қараев мегӯяд, баҳсашон дар ёздаҳ марҳилаи додгоҳӣ баррасӣ шуда, дар ниҳоят ба фоидаи онҳо ҳал гардидааст. Дар ҳамин ҳол, бар асоси қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон аз моҳи июли имсол, ҳамагуна сохтакории ҳуҷҷатҳои ин манзил рад карда шуда, ба харидуфурӯши қонунии манзил байни Бахтиёрҷони Маҳмурод -- писари Маҳмурод Саидов ва Садоқат Қосимова -- ҳамсари Низом Қараев, таъкид шудааст.

Ҳоло аз рӯи ин қарори Додгоҳи олӣ Маҳмурод Саидов дубора шикоят бурдааст. Бо ин ки манзил ба нафари сеюм фурӯхта шудааст, ҳанӯз ҳам оилаи 23-нафарӣ дар назди ин манзил зиндагӣ доранд. Соҳибмулки нав ба додгоҳ шикоят кардааст, ки бар асоси қонун онҳоро аз ин макон кӯчонанд.

Ҳуқуқшиносон мегӯянд, беҳтар аст ҷонибҳо бо ҳам созиш кунанд, вагарна баҳс солҳои дароз идома хоҳад кард. Маҳмурод Саидов мегӯяд, ҳеҷ созишеро қабул надорад.

Баҳси манзил дар Тоҷикистон аз мавзуъҳои доғ дониста мешавад. Ҳар сол аҳолии Тоҷикистон меафзояд ва “рақобатҳо” барои як порча замину макони зист шадидтар мешавад.

Аз 143 ҳазор километри мураббаъ масоҳати Тоҷикистон 93 дар сади он кӯҳистон аст. Аз ин рӯ, масъалаи таъмини сокинон бо манзил аз мушкили рақами аввал дониста мешавад. Нархи як метри мураббаи хона дар бисёртабақаҳои Душанбе аз 200 то 1200 долларро ташкил медиҳад. Коршиносон мегӯянд, агар онро ба даромади аҳолӣ муқоиса кунем, "фарқ байни замину осмон хоҳад буд" ва зоҳиран ҷанг барои хона ҳам бедалел нест.