Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷаҳон Камерунро шикаст дод

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар аввалин бозиаш дар қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2019 дар Бразилия мунтахаби наврасони Камерунро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.

Ин бозии гурӯҳи “Е” 28-уми октябр соати 20:00 бо вақти маҳаллӣ ва 29-уми октябр соати 04:00 бо вақти Душанбе дар шаҳри Кариасикаи Бразилия, дар варзишгоҳи «Estаdio Klеber Andrade», баргузор шуд.

Нимаи аввали ин бозии пуршиддату шавқовар бидуни гол хотима ёфт. Дар ибтидои нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 51-ум, нимҳимоятгар Шарифбек Раҳматов тӯбро аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ ба ҳадаф расонд.

Бояд гуфт, ки дар нимаи дувум ҳамлагар Рустам Соиров ба дарвозаи мунтахаби Камерун тӯби дувумро ворид кард, вале ин гол баъди тамошои бозпахши лаҳзаҳои бозӣ бо истифода аз видеодовар аз ҷониби сардовар Ник Уолдрон аз Зеландияи Нав ба иллати вайрон шудани қоидаи бозӣ бекор карда шуд.

Дар дақиқаи 72-юм нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Шуҳрат Элмуродов барои корти дувуми зард аз майдон ихроҷ шуд.

Ҳарчанд футболбозони мунтахаби Камерун барои голзанӣ кӯшиши зиёд ба харҷ доданд, вале муваффақ нашуданд. Дар баъзе маворид маҳорати баланди дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон Шоҳрух Қирғизбоев ба камеруниҳо имкон надод, ки тӯбро вориди дарвоза намоянд.

Ҳамин тариқ, мунтахаби наврасони Тоҷикистон, барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии Осиё, ба мунтахаби наврасони Камерун, қаҳрамони Африқо, бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад ва се имтиёз ба даст овард.

Зайниддин Раҳимов, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17), баъди анҷоми бозӣ муқобили мунтахаби наврасони Камерун, гуфт, "аз он хушҳолам, ки бачаҳо дастури моро иҷро карда, муваффақ шуданд. Бахусус дарвозабон маҳорати баланд нишон дод. Дар футбол дарвозабонро ними даста мегӯянд, ки ҳақиқати ин гуфтаро Шоҳрух собит кард. Тамоми мардуми Тоҷикистонро бо ин пирӯзӣ табрик мегӯям".

Бозии дигари даври аввал дар гурӯҳи “Е” миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Аргентина ва Испания бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии даври аввал дар гурӯҳи “Е” мунтахаби Тоҷикистон бо се имтиёз пешсаф аст. Мунтахабҳои Аргентина ва Испания бо якимтиёзӣ ҷойҳои дувуму севумро касб намудаанд. Мунтахаби Камерун бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – қарор дорад.

Дар қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни футболбозони то 17-сола, ки дар Бразилия то 17-уми ноябр идома хоҳад кард, 24 даста ба 6 гурӯҳи чаҳордастаӣ тақсим шудааст. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин, ҳамчунин чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои севум ба марҳилаи баъдии қаҳрамонии ҷаҳон-2019 роҳ пайдо мекунанд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо дастаҳои мунтахаби наврасони Испания, Аргентина ва Камерун ба гурӯҳи «Е» шомил аст.

Бозии дувуми мунтахаби наврасони Тоҷикистон 31-уми октябр (01:00, 1-уми ноябр бо вақти Душанбе) муқобили мунтахаби Испания доир мегардад.

Наврасони тоҷик дар даври охирини марҳилаи гурӯҳӣ 3-юми ноябр (01:00, 4-уми ноябр бо вақти Душанбе) бо мунтахаби Аргентина вориди рақобат мешаванд.

Ду бозии дигар низ бо ширкати мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар шаҳри Кариасикаи Бразилия, дар варзишгоҳи «Estаdio Klеber Andrade», барпо мегарданд.

Ба ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷаҳон-2019 ҳамагӣ 21 бозигар – 3 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар - дохил аст.

Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар қаҳрамонии ҷаҳон-2019 дар Бразилия:

Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев, Самандар Каримов (ҳар ду аз «Локомотив-Помир»), Муҳриддин Ҳасанов («Парвоз»);

Ҳимоятгарон: Исроил Холов, Шаҳром Назаров, Ҷонибек Шарифов, Меҳробҷон Азимов, Муҳаммадрасул Лутфуллоев, Шоҳрух Сангов (ҳама аз «Локомотив-Помир»);

Нимҳимоятгарон: Ҳамадонӣ Камолов, Эмомалӣ Аҳмадхон, Шарифбек Раҳматов, Нидоёр Забиров, Озодбек Панҷиев, Шуҳрат Элмуродов, Умедҷон Холиқов (ҳама аз «Локомотив-Помир»);

Ҳамлагарон: Ислом Зоиров, Рустам Соиров, Азизбек Ҳасанов, Парвиз Ҳоҷиев (ҳарчор аз «Локомотив-Помир»), Суннатулло Исмоилов («Хатлон»).

Сармураббӣ - Зайниддин Раҳимов.

Қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни наврасон (U-17)

Гурӯҳи «Е»

Даври 1-ум

Тоҷикистон – Камерун 1:0

Гол: Шарифбек Раҳматов, 51 – аз пеналтӣ.

Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Шаҳром Назаров, Исроил Холов, Ҷонибек Шарипов, Муҳаммадрасул Лутфуллоев (Ҳамадонӣ Камолов, 46), Нидоёр Забиров (Рустам Соиров, 46), Шуҳрат Элмуродов, Озодбек Панҷиев (Эмомалӣ Аҳмадхон, 90+4), Шоҳрух Сангов, Шарифбек Раҳматов, Ислом Зоиров.

Аз бозӣ ихроҷ шуд: Шуҳрат Элмуродов (Тоҷикистонн), 72 – корти 2-юми зард.

Сардовар: Ник Уолдрон (Зеландияи Нав).

Ёварони сардовар: Исаак Тревис (Зеландияи Нав), Ҷереми Гарае (Вануату).

Довари эҳтиётӣ: Иво Мендез (Боливия).

Ёварони сардовар оид ба видео: Бибиана Штайнхаус (Олмон), Луис Мигел Бранко (Португалия).

28 июл. Кариасика. Варзишгоҳи «Estаdio Klеber Andrade». 5934 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «Е»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тоҷикистон

1

1

0

0

1-0

3

2

Аргентина

1

0

1

0

0-0

1

3

Испания

1

0

1

0

0-0

1

4

Камерун

1

0

0

1

0-1

0

Даври 2-юм

31 октябр (панҷшанбе)

Оғози бозӣсоати 17:00

Испания – Тоҷикистон

Даври 3-юм

3 ноябр (якшанбе)

Оғози бозӣсоати 17:00

Аргентина – Тоҷикистон

Эзоҳ: замони оғози бозиҳобо вақти Бразилия.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки моҳи октябри соли гузашта дар бозии ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони зери 16-сола дар Малайзия аз тими Ҷопон бо ҳисоби 0-1 мағлуб шуд, барои аввалин бор бо медалҳои нуқра сарфароз гашт.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов, инчунин соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон (U-17) гардид.

Бояд гуфт, ки мунтахаби наврасони Тоҷикистон соли 2007 дар қаҳрамонии ҷаҳон, ки дар Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуда буд, то ҳаштякфинал роҳ ёфтааст.